Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • «eSIM»
  • Хизматрасониҳои молиявӣ
  • Хизматрасониҳои асосӣ
  • Занг ва идораи тамос
  • Имкониятҳои муошират
  • Имкониятҳо дар сифр
  • Идоракунии ҳисоб ва назорати тавозун

Ҳамён (МегаФон LIFE)

Бо ёрии Ҳамён дар замимаи МегаФон Life пур кардани ҳисоби мобилии наздикон, аз ҷумла муштариёни операторони дигар, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои гуногун бо истифодаи маблағҳои телефон ва корти бонкии вобасташуда бе комиссия имконпазир аст*. Замимаро муштариёни Ширкати МегаФон Тоҷикистон, инчунин муштариёни дигар операторони кандуии ҶТ истифода бурда метавонанд.
Дар давоми як моҳи тақвимӣ, меъёр барои мизоҷи аз тартиби мушаххасгардонӣ нагузашта - 2749 сомонӣ ва барои мизоҷи аз тартиби мушаххасгардонӣ гузашта – 4399 сомониро ташкил медиҳад.

*Ҳангоми  пардохт аз тавозуни ҳамён  ва корти бонкии  пайвастшуда  барои хизматрасониҳои операторони мобилӣ, провайдерҳои интернет, идораҳои  букмекерӣ, NGN ва телефонҳои шаҳрӣ, хайрия, интернет-мағозаҳо,  телевизион  комиссия  0% мебошад. Дар сурати   пардохт аз тавозуни ҳамён  ва корти бонкии  пайвастшуда  барои хизматрасониҳои интиқоли  маблағ, ҳамёнҳои электронӣ (ба истиснои МегаФон Life и Humo online), хизматрасониҳои Бонкҳо  (ба истиснои хизматрасониҳои   ТАҚХ  «Ҳумо»)  комиссия   1%-ро ташкил менамояд, инчунин  ҳангоми камшавии маблағҳои  Муштарии ҶСП «ТТ мобайл»,  ки аз тарафи ӯ ҳамчун пешпардохт  барои хизматрасониҳои алоқаи  ҶСП  «ТТ мобайл»  ба тавозуни ҳамён  гузаронида шуданд  (яъне ҳангоми гузаронидани маблағҳо аз тавозуни Муштарӣ ба тавозуни ҳамёни  МегаФонLife) комиссия  1%-ро ташкил медиҳад. 

Хизматрасониҳое, ки дар Ҳамён (МегаФон Life) дастрасанд:

• Операторони мобилӣ
• NGN ва Телефонҳои шаҳрӣ
• Провайдерҳои интернетӣ
• Хизматрасониҳои коммуналӣ (ХМК)
• Телевизион
• Бонкҳо
• Ҳамёнҳои электронӣ
• Шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо
• Идораҳои букмекерӣ
• Операторони мобилии хориҷӣ
• Хайрот
• Дигар (пардохти маблағи эълонҳо ва ғ.)
• Пардохт тавассути QR-рамз
• Нигоҳдории қолиби амалиётҳо дар қисмати «Избранные»
• Азназаргузаронии таърихи пардохтҳо

Ҳангоми анҷом додани амалиётҳои пардохтӣ тавассути Ҳамён (МегаФон Life) ба муштариёни МегаФон Тоҷикистон холҳои бонусӣ аз рӯи барномаи садоқатмандии «Раҳмат» дода мешаванд. Ин холҳоро ба мегабайтҳо, дақиқаҳо, SMS ва дигар хизматрасониҳои алоқа иваз кардан мумкин аст. Ҳаҷми бонусҳо аз маблағи пардохт вобаста аст:
Диапазони пардохт бо сомонӣ бо назардошти ААИ ва аксиз. 

Ҳаҷми пешниҳодшавандаи бонусҳо: 

Диапазони пардохт бо сомонӣ бо назардошти  ААИ ва аксиз 

Ҳаҷми пешниҳодшавандаи бонусҳо 

аз 10,00 то 20,99 сомонӣ 15
аз 21,00 то 50,99 сомонӣ 30
аз 51,00 то 100,99 сомонӣ 60
аз 101,00 то 200,99 сомонӣ 100
аз 201,00 то 500,99 сомонӣ 200
аз 501,00 ва зиёдтар сомонӣ 300

*Холҳои «Раҳмат» барои ҳамаи транзаксияҳо, ба ғайр аз пуркунии ҳисоби дигар операторони кандуии ҶТ ва интиқоли воситаҳои пулӣ ба кортҳои пластикии бонкӣ, пешниҳод карда мешаванд. Аз рӯи ҳар як дараҷа, холҳои бонусӣ як маротиба дар шабонарӯз (24 соат) пешниҳод мегарданд.

Маълумоти муфассал оид ба замимаи «МегаФон Life» дар суроғаи infolife.megafon.tj



© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред