Салом.
Оё кӯмак лозим аст?
Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред
Агар телефони мобилии Шумо ба шабакаи мо пайваст нашуда бошад, Шумо ин амалро ба таври дастӣ анҷом дода метавонед.
Барои он, ки минбаъд дар телефони Шумо шабакаи мо ба таври автоматӣ интихоб гардад, онро дар SIM-корти худ ба сифати афзалиятнок барномасозӣ намоед.
Чӣ тавр аз шабакаи «МегаФон-Тоҷикистон» занг зада мешавад?
Нақшаи рақамчинӣ:
+ (рамзи кишвар) (рамзи шаҳр) (рақами муштарӣ)
Нақшаи чидани рақами «МегаФон Тоҷикистон»:
+ 992 90 xxx xx xx ё 8 90 xxx xx xx
Диққат! Пеш аз сафар боварӣ ҳосил кунед, ки дар хотираи телефони Шумо ҳамаи рақамҳо бо рамзи байналмилалӣ нигоҳ дошта шудаанд. Масалан: префикси кишвар «+49» ба Шумо барои занг задан ба Олмон лозим меояд. Ба Шумо боз тағйир додани рақам муяссар намегардад! Ин «префиксҳо» дар шабакаи «хонагӣ»-и Шумо низ амал менамоянд.
Рақамҳои муфид: