Салом.
Оё кӯмак лозим аст?
Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред
Хизматрасонӣ ройгон пешниҳод карда мешавад.
Чӣ тавр Алоқаи конфронсиро ташкил намуд:
Пеш аз ҳама телефони мобилии худро барои доштани ин амал тафтиш кунед ва Шумо метавонед мустақилона алоқаи конфронсӣ ташкил намоед.
Ба иштирокчии якум занг занед.
Ба иштирокчии дуюм дар реҷаи нигоҳдории даъват занг занед: 2 (рақами муштарӣ)
Иштирокчии дуюм дар ин вақт дар реҷаи интизорӣ қарор мегирад.
Сеанси алоқаи конфронсиро оғоз намоед: 3
Барои боз як иштирокчиро даъват кардан қадамҳои 3 ва 4-ро такрор кардан лозим.
Ҳамагӣ дар алоқаи конфронсӣ 5 нафар метавонанд иштирок кунанд.
Барои қатъ кардани алоқаи конфронсӣ тугмаи хомӯшкунакро пахш намоед.
Гуфтугӯҳои махфӣ ҳангоми конфронс
Шумо метавонед бо яке аз иштирокчиёни сеанс гуфтугӯ кунед. 2-ро (рақами тартибии иштирокчӣ) рақам чинед.
Мисол, агар Шумо бо муштарие, ки ба конференсия якум ҳамроҳ шудааст, гуфтугӯ кардан хоҳед, 21-ро рақам чинед.
Суҳбати махфӣ бо яке аз иштирокчиён дар реҷаи интизорӣ, агар Шумо 2-ро пахш намоед.
Дар ин маврид Шумо конференсияро бо боқимонда иштирокчиён давом медиҳед.
Барои муштариро аз шумораи иштирокчиёни конфронс баровардан, 1-ро (рақами тартибии иштирокичӣ) пахш кунед.
Мисол, агар Шумо суҳбатро бо нафаре, ки ба конференсия сеюм пайваст шудааст, анҷом диҳед: 13-ро пахш намоед.
Бо диққат бо дастури телефони худатон шинос шавед. Эҳтимолан телефони Шумо хизматрасонии интизории занг, нигоҳдории даъват ва алоқаи конфронсиро дар таркиби худ дорад. Дар чунин ҳолат ба Шумо дар хотир гирифтани мувофиқатии рақамҳо зарур намеояд – Шумо метавонед аз ин хизматрасониҳо бо ёрии менюи телефони худ истифода кунед.