Салом.
Оё кӯмак лозим аст?
Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред
Ҳангоми суҳбат Шумо сигнали кӯтоҳи садодорро шунавед. Ин маънои онро дорад, ки ба рақами Шумо боз як занг содир шуда истодааст. Дар баробари ин муштарие, ки ҳозир ба рақами шумо занг содир намудааст, гудокҳои дарози муқаррариро мешунавад. Барои ба занги воридшуда посух додан, суҳбати телефонии ҷориро анҷом дода (тугмаи хомӯшкунакро пахш кунед) ба муштарии дуюм посух диҳед.
Шумо метавонед суҳбатро қатъ накарда ба даъвати воридшуда бо пахш кардани шумораи 2 посух диҳед.
Барои ба суҳбат баргаштан боз шумораи 2-ро пахш кунед.
Барои суҳбати ҷориро анҷом намудан 1-ро пахш намоед. Агар Шумо ба занги телефонии воридшуда посух додан нахоҳед, 0 (сифр)-ро пахш намоед – дар ин сурат муштарии ба Шумо занг содиркунанда сигнали “машғул аст” мешунавад.
Агар Шумо реҷаи ирсоли даъватҳоро ба хизматрасонии “Почтаи овозӣ” ё хизматрасонии “Кӣ занг зад” бо сабаби “Посух нест” пайваст карда бошед ва ба занг посух додан нахоҳед, ӯ ба таври автоматикӣ ба хизматрасонии дахлдор ирсол карда мешавад.
Хизматрасонии “Интизории даъват” ба таври ройгон пешниҳод карда мешавад.
Пайвасткунӣ *43#
Қатъгардонӣ #43#