Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Сайругашти ҷахон
  • Роуминг чист?
  • Чи тавр пайваст намудан?
  • Ба мехмонон
  • Хизматрасониҳо дар Роуминг
  • Роуминг Ҳамсояҳо
  • Тахфифҳо ва пешниҳодҳои махсус

Роуминг чист?

Шумо ҳамеша дар алоқа ҳастед – Шумо як рақами телефон дар Душанбе, Тошканд, Москва ва Париж доред.

Роуминг чист?

Роуминг (англ. roaming аз калимаи англ. roam — сайр, саёҳат) — тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои (алоқаи кандуӣ) ба муштарӣ берун аз минтақаи хизматрасонии шабакаи «хонагии» муштарӣ бо истифода аз манбаъҳои дигар шабака (муваққатӣ) маҳсуб мешавад.
Роуминг ба Шумо барои истифодабарии SIM корти худ дар дигар кишварҳои берун аз минтақаи хизматрасонии яке аз операторони шабакаи алоқаи кандуии радиотелефонӣ имконият медиҳад. Ба куҷое, ки Шумо сафар кунед, ба Шумо иваз кардани рақами телефон лозим намеояд. Сарфи назар аз мавқеи қарор доштани Шумо дар шабакаи глобалии роумингии мо, наздикон, дӯстон ва ҳамкасбонатон метавонанд ба Шумо занг зананд ё SMS-паёмак ирсол намоянд.
Роуминг чунин буда метавонад:  
1.Яктарафа, вақте, ки муштариёни танҳо яке аз тарафҳо (муваққатӣ ё хонагӣ) метавонанд аз хизматрасониҳои алоқа дар шабакаи ҷониби дигар истифода баранд.
2.Дутарафа, вақте, ки муштариёни ҳар ду шабакаҳо (муваққатӣ ва хонагӣ) аз хизматрасониҳои алоқаи якдигар истифода бурда метавонанд.  
3.Миллӣ ба муштариён ҷиҳати истифодаи телефон дар дигар минтақаҳои кишвар (ба мисоли Россия, ИМА) дар минтақаи хизматрасонии яке аз операторони шабакаи алоқаи кандуии радиотелефонӣ имконият медиҳад. Дар баробари ин рақами муштарӣ тағйир намеёбад, телефон ба таври автоматӣ дар ҳамон шабакае, ки муштарӣ айни замон қарор дорад, ба қайд гирифта мешавад.
4.SMS-роуминг — яъне вақте, ки муштарӣ дар шабакаи роуминги шарик ба қайд гирифта мешавад ва танҳо смс ирсол/қабул карда метавонад.

Шарикон оид ба роуминг:
Шарикони мо – зиёда аз 430 операторон аз 191 кишвари дунё.
Шарикони мо дар ҳама ҷое, ки алоқаи мобилии стандарти GSM амал менамояд, фаъолият доранд.

Хуш омадед ба ««МегаФон-Тоҷикистон»»!
Меҳмонони шабакаи мо (роумерҳо) метавонанд аз доираи васеътарини хизматрасониҳо истифода баранд.

Роуминг чӣ гуна кор мекунад?

Барои бақайдгирӣ дар шабакаҳои шарикон аз рӯи роуминги ҶСП «TT мобайл» зарур аст: 
- Агар Шумо дар қаламрави Федератсияи Россия қарор дошта бошед, он гоҳ обунаи Шумо бояд MegaFon (MegaFonPRO>Roaming>Интихоби обуна ва интихоби обунаи «MegaFon») бошад 
- Агар Шумо дар қаламрави кишварҳои дигар, ба ғайр аз Федератсияи Россия, қарор дошта бошед, он гоҳ обунаи Шумо бояд MIR (MegaFonPRO>Roaming>Интихоби обуна ва интихоби обунаи «MIR») бошад

Қоидаҳои рақамчинӣ ҳангоми дар роуминг будан:
+ [рамзи кишвар][рамзи самт][рақами телефон]
МИСОЛ: +992 90 0700500

Нархгузории муштарии «МегаФон-Тоҷикистон» дар роуминг:
Даъватҳои маҳаллӣ, байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ ҳангоми хизматрасонии муштарии шабакаи «МегаФон-Тоҷикистон» дар шабакаи дигари GSM (роуминг) мувофиқи тарофаҳои оператори шабакаи истифодашаванда, ки барои муштариёни мусофир (роумингӣ) таъин шудаанд, пардохт мегарданд. Ин тарофаҳо дар асоси тарофаҳои шабакаи хизматрасон бо назардошти иловапулӣ барои муштариёни роумингӣ ҳисоб карда мешаванд. Маблағи хизматрасониҳои пешниҳодшудаи алоқа, бо назардошти андозҳои дахлдор ва иловапулии роумингии шабакаи «МегаФон-Тоҷикистон» ба таври автоматӣ аз ҳисоби Шумо ситонида мешавад.
Маълумот оид ба тарофаҳо дар ин ҷо зикр шудааст

ДИҚҚАТ!!!
Нархгузорӣ бо мурури воридшавии файлҳои ТАП (маълумот оид ба даъватҳо, SMS, GPRS), ки бо дермонии то 30 рӯз ворид гардида метавонанд, анҷом меёбад. Бинобар ин муштарӣ ба дебет гузашта метавонад.

Интиқол ба суроғаи дигар ҳангоми роуминг
Агар интиқол ба суроғаи дигар ба шумо лозим набошад, он гоҳ онро қатъ намоед. Ҳангоми насби интиқол (дар сурати набудани ҷавоб, ғайриимкон будани пайвасткунӣ, агар телефон банд бошад), зангҳои ба суроғаи дигар интиқолдодашуда бо тарофаҳои роумингӣ пардохт мешаванд. Яъне ҳангоми фаъол будани интиқоли зангҳо ба суроғаи дигар, аз Шумо арзиши ҳар як даъвати партофташуда бо нархи занги воридотии байналмилалӣ (ё байнишаҳрӣ) гирифта мешавад. Барои гӯш кардани паёмҳои овозӣ (агар Шумо хизматрасонии Почтаи овозиро пайваст карда бошед), Шумо баробари занги содиротӣ ба Тоҷикистон маблағ пардохт менамоед.

Зангҳо ба хадамотҳои ройгон, ҳангоми хизматрасонӣ дар шабакаи оператор-шарик оид ба роуминг, мувофиқи тарофаҳои роумингӣ ҳамчун занги байналмилалӣ ба Тоҷикистон пардохт мешаванд, зимнан танҳо рақамчинӣ танҳо дар шакли пурраи байналмилалӣ: + 992 90 0700500 имконпазир аст. Чидани рақами кӯтоҳи 0700500/500 эътибор надорад.
Маълумоти иловагиро оид ба хизматрасонии Роуминг ва тарофаҳо дар ҳамин ҷо ё дар Хадамоти иттилоотӣ-маълумотдиҳӣ ва ё дар марказҳо ё идораҳои хизматрасонии муштариёни шабакаи «МегаФон-Тоҷикистон» дастрас кардан мумкин аст.

Иловатан

«Роуминги қулай» чист?

1.Ба муштариёни тарофаҳои пешпардохтшуда барои рақамчинии мустақим, ҳангоми дар роуминг будани онҳо, имконият медиҳад;
2.Барои назорат, баҳисобгирӣ ва нархгузории даъватҳои воридотӣ, содиротӣ ва ба суроғаи дигар интиқолдодашуда дар реҷаи вақти воқеӣ имконият медиҳад;
3.Ташкили роуминги мукаммалро бо имконияти пайвасткунии бештари хизматрасониҳое, ки аз тарафи шабакаи «хонагӣ»-и оператор пешниҳод мегарданд, таъмин менамояд.Роуминги қулайи ширкати мо дар ҳамаи кишварҳое, ки бо онҳо созишномаҳои роумингӣ бастаем, ба ғайр аз кишварҳои наздисарҳадӣ, фаъолият дорад. Дар кишварҳои Афғонистон, Кирғизистон ва Хитой танҳо роуминги классикӣ (маъмулӣ)-и ширкати мо дастрас аст. Роуминги классикӣ (маъмулӣ)-и ширкати мо инчунин дар ҳамаи кишварҳое, ки бо онҳо муносибатҳои роумингӣ дорем, амал менамояд.

Афзалиятҳои Роуминги қулай?

1. Истифодаи бештари хизматрасониҳои аз тарафи «TT mobile» пешниҳодшаванда, ҳангоми дар роуминг будан – анҷомдиҳӣ ва қабули зангҳо дар минтақаи иқомат, занг задан ба Тоҷикистон, ирсол ва қабули SMS–паёмакҳо, истифода бурдани хизматрасониҳои иловагӣ;
2. Истифода бурдани алоқаи кандуӣ дар дигар минтақаҳои ФР ва дар хориҷа ҳангоми дилхоҳ тавозуни мусбат;

GPRS-роуминг?

Муштариёни «МегаФон-Тоҷикистон», ки хизматрасониҳои GPRS-ро фаъол гардониданд, ҷиҳати ирсол ва қабули тасвир, роликҳои видеоӣ ва мусиқӣ барои телефонҳо тавассути MMS-паёмакҳо ва истифодаи хизматрасонии GPRS на танҳо дар шабакаи «МегаФон-Тоҷикистон» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар шабакаҳои шарикони GPRS-Роуминги худ имконият доранд.
Истифодаи хизматрасониҳои GPRS-Роуминг тағйир додани танзимоти телефонро талаб наменамояд. Онҳо дар асоси танзимоти маъмулии «МегаФон-Тоҷикистон» амал менамоянд.
Муштариён, ҳангоми дар Роуминг буданашон, метавонанд MMS-паёмакҳоро ирсол ва аз муштариёни «МегаФон-Тоҷикистон» қабул намоянд.

Шартҳои истифодаи хизматрасониҳо

Барои истифодаи хизматрасониҳои GPRS-Роуминг тағйир додани танзимот зарурат надорад. Телефони мобилӣ дар Роуминг дар асоси танзимоти «МегаФон-Тоҷикистон» GPRS/MMS кор мекунад. То замони баромадан аз Тоҷикистон муштарӣ бояд фаъолнокии хизматрасониҳои Роуминг ва GPRS-ро бисанҷад.
MMS-паёмакҳое, ки дар Роуминг қабул гардиданд, аз тарафи шарик оид ба Роуминг мувофиқи тарофаҳои ӯ барои трафики GPRS-Роуминг нархгузорӣ карда мешаванд.
Ирсоли MMS-паёмакҳо дар Роуминг аз рӯи тарофаи маъмулӣ барои MMS дар шабакаи «МегаФон- Тоҷикистон», бо иловаи тарофа барои трафики GPRS-Роуминг, ки аз ҷониби шарик оид ба Роуминг муқаррар шудааст, нархгузорӣ мешавад.


ДИҚҚАТ!!!
Бо назардошти он, ки ММС низ GPRS маҳсуб меёбад, ҳангоми ирсолҳои номуваффақонаи MMS ва рафта нарасидани MMS трафике истифода мегардад, ки оператор барои он ҳисобро пешниҳод мекунад.
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред