Салом.
Оё кӯмак лозим аст?
Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред
Хизматрасонӣ ройгон пешниҳод карда мешавад.
Хизматрасонии “Ба ман занг бизан” дар ҳама нархномаҳо комилан ройгон амал мекунад. Маҳдудияти миқдори дархостҳои ирсолшуда: 7 дархост дар як шабонарӯз ба як рақам аз як муштарӣ.
Барои аз ин хизматрасонӣ истифода намудан, фақат USSD-фармони кӯтоҳро аз телефони мобилии худ ирсол намудан лозим аст ва Муштарӣ СМС-огоҳиномаи тайёрро бо хоҳиши ба Шумо занг задан дарёфт мекунад.
Барои ирсоли хабар муштарии ҶТ бояд рақамчинӣ кунад:
*103*[рамзи шабака][рақами муштарӣ]#тугмаи даъват – ба қабулкунанда смс-хабар бо хоҳиши ба Шумо занг задан ворид мешавад*.
Ин ҷо:
*103* — рақами кӯтоҳи хизматрасонӣ
[рамзи шабака] — рамзи шабакаи оператори Ҷумҳурии Тоҷикистон
[рақами муштарӣ] — рақами қабулкунанда
#тугмаи даъватҳо — фармони анҷомкунандаи ирсоли дархост
Мисол: *103*907700500# ва тугмаи даъватро пахш намудан. Ба қабулкунанда СМС-хабар (рақаме, ки аз он ба қабулкунанда смс-хабар бо хоҳиши зангзанӣ ворид мешавад, рақами ирсолкунанда мебошад (бар шакли байналмилалӣ +99290ххххххх), дар матни хабар хоҳиши зангзанӣ бо ду забон (русӣ ва тоҷикӣ) мебошад) ворид мешавад.