Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
  • Интернети бемаҳдуд
  • Бастаҳои интернетӣ
  • Интернет хизматрасониҳо
  • Интернети 4G
  • Интернети 5G

Маълумот дар бораи 5G

5G – насли нави алоқаи мобилӣ бо интернети баландсуръат ва ҷавоби фаврии шабака маҳсуб меёбад. Технологияи 5G на танҳо суръатҳои баланд ҳангоми табодули маълумот, балки инчунин таъхири минималиро ҳангоми интиқоли сигнал, ки ҳамагӣ 1-2 мс.-ро ташкил медиҳад, таъмин менамояд. Он имкон медиҳад, ки имкониятҳою хизматрасониҳои комилан нав, ки дар шабакаҳои 4G фаъолият карда наметавонистанд, амалӣ карда шаванд. Бисёри онҳо бо интиқоли маводҳои видеоӣ ва контенти дигари вазнин вобаста мебошанд. Аллакай ҳозир истифодабарандаи фаъол шабакаи 5G-ро дар чаҳорчӯбаи воқеияти виртуалӣ ва мукаммалшуда бо самар ба кор мебарад.

Дар куҷо ва чӣ тавр метавон ба шабакаи 5G пайваст шуд?

Агар аллакай дар даст дастгоҳи мобилӣ бо дастгирии хизматрасонии 5G дошта бошед, Шумо бояд ба идораи хизматрасонии Муштариёни МегаФон Тоҷикистон дар суроғаи: х.Рӯдакӣ 89 ё маркази тамос (тел: 500) муроҷиат намуда, машварати мутахассисро бигиред. Баъд аз ин ба Шумо хизматрасонии 5G-ро фаъол мекунанд.

Кай шабакаи 5G дар ноҳияи ман пайдо мешавад?

Дар навбати аввал ба минтақаи фарогирии 5G пойтахт (ш.Душанбе) ва кӯчаҳои марказии он дохил мешаванд. Минбаъд фарогирии шабака дар минтақаҳои ороми шаҳр низ васеъ хоҳад шуд. Дар оянда роҳандозии шабакаи мазкур дар шаҳрҳои бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Суръати таҳвили маълумот дар шабакаи 5G «МегаФон» чӣ гуна аст?

Дар ҳоли имрӯз суръати баландтарини боргирӣ то 25 Гбит/с расида метавонад. Суръати боргирӣ аз хусусиятҳои дастгоҳ, релефи маҳал, конструксияи бунёдии бино, шароити боду ҳаво ва сатҳи сарбории шабака вобаста мебошад.

Барои 5G SIM-корти махсус лозим аст?

Агар SIM-корти Шумо USIM бошад, хоҷат ба ивазкунӣ нест. Аз соли 2013 инҷониб МегаФон Тоҷикистон танҳо USIM мефурӯшад.

Оё ман бо SIM-корти нави USIM рақами телефони худро нигоҳ медорам?

Бале, рақам бе ягон тағйирот дар ихтиёри Шумо боқӣ мемонад.

Оё дар шабакаи 5G алоқаи овозӣ кор мекунад?

Дар ҳоли имрӯз дар шабакаи 5G ҳангоми анҷомдиҳии даъвати овозӣ, ирсоли SMS бе амалҳои иловагӣ аз ҷониби муштарӣ гузариши автоматӣ ва мунтазам ба шабакаи 3G/2G (вобаста ба фарогирии шабака ва сифати сигнал) сурат мегирад. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки дар шабакаи 5G ба муштарӣ тамоми доираи хизматрасониҳои оператори МегаФон-Тоҷикистон пурра дастрас аст.


© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?