Салом.
Оё кӯмак лозим аст?
Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред
Технология eSIM (Embedded SIM – «SIM-корти сохта») – ин микросхемаи хурдакак бо андозаи 6х5 мм мебошад, ки дар марҳилаи истеҳсол сохта мешавад. Барои пайвастнамоии eSIM танҳо гирифтани маълумоти нав тавассути QR-рамзи нав кифоя мебошад.
Барои ба даст овардани eSIM, ба яке аз Маркази хизматрасониҳои МегаФон Тоҷикистон муроҷиат намоед. Барои пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи Ширкат аз рӯи технологияи еSIM, шумо бояд бо худ шиносномаи амалкунанда (ID – корт) ва таҷҳизоте, ки модули еSIM-ро дастгирӣ менамояд, дошта бошед.
Барои фаъол гардонидани еSIM, зарур аст:Яке аз кортҳоро мумкин аст дар Танзим (Настройки) қатъ намоед, дар ин ҳолат қатъ ва пайваст намудани таҷҳизот лозим нест.
Баъди фаъолнамоии eSIM (ҳангоми ивазнамоии SIM – корти оддӣ), SIM – корти оддӣ, ки ба он қаблан рақами мазкур тааллуқ дошт, кор намекунад. Инчунин мустақилона гузаронидани eSIM ба дигар смартфон мумкин нест. QR рамз барои фаъолнамоии eSIM яккарата мебошад.
Арзиши пайвастшавии нав ба шабакаи алоқаи мобилии Ширкат аз рӯи технологияи еSIM, инчунин ивазнамоии рақам аз рӯи технологияи еSIM, 10,00 сомонӣ (бо назардошти ААИ ва андози аксиз) мебошад.
Пайваст намудани eSIM ба таҷҳизот, ки технологияи мазкурро дастгирӣ наменамояд, ғайриимкон мебошад. eSIM-ро гузоштан ё «илова» кардан мумкин нест, дастгирии eSIM бояд дар мушаххасоти таҷҳизоти шумо ишора карда шавад.