Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Садҳо ПБ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро дар соли 2023 вусъат бахшид
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Садҳо ПБ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро дар соли 2023 вусъат бахшид

4 Января 2024

Зиёда аз 100 майдон барои таҷҳизот ва зиёда аз 500 пойгоҳҳои базавӣ (ПБ) стандартҳои мухталиф шабакаи “МегаФон Тоҷикистон”-ро дар соли 2023 пурра намуданд. Ҳиссаи асосии ПБ нав бо технологияи 4G/LTE амал мекунанд. Инкишофи инфрасохтор ва баландбардории суръати интернети мобилӣ, ки асоси стратегияи оператор маҳсуб меёбанд, ба муштариён имкон доданд, ки хизматрасониро фаъолтар истифода баранд: дар давоми сол трафики таҳвили маълумот дар шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” то 35% афзоиш ёфт.

 

Душанбе ва НТМ 

Наздики 150 пойгоҳҳои базавӣ шабакаи 4G-ро дар Душанбе ва НТМ пурра намуданд. Суръати як қисми пойгоҳҳои базавӣ дар рафти модернизатсия баланд бардошта шуд. Баъди корҳои гузаронидашуда таҷҳизоти 3G ба ирсоли маълумот бо суръати то даҳ маротиба тезтар, яъне дар сатҳи 4G шурӯъ намуд. Ба ғайр аз ин, бисёри пойгоҳҳои базавӣ дар басомадҳои гуногун – 800, 1800, 2300 ва 2600 МГтс кор мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки миқдори ҳарчи бештари трафик интиқол дода шуда, теъдоди истифодабарандагоне, ки ба онҳо интернети мобилӣ бо суръати баландтарин дастрас аст, зиёд карда шавад.

 

Вилояти Хатлон 

Дар Хатлон оператор наздики 25 майдони нави пойгоҳҳои базавиро ба кор даровард, 150 ПБ-и қаблан насбкардашуда то нишондиҳандаҳои шабакаи насли чорум расонида, вусъат бахшида шудаанд. Дар он ноҳияҳое, ки дар онҳо корҳои техникӣ гузаронида мешуданд, суръати интернети мобилӣ панҷ маротиба – аз 3-6 то 15-25 Мбит/c боло бурда шудааст.

 

Вилояти Суғд 

Оператор дар вилояти Суғд зиёда аз 40 пойгоҳи нави базавиро ба кор дароварда, боз наздики 100 майдони дигарро мавриди модернизатсия қарор додааст. Натиҷаи умумӣ: дар соли 2023 фарогирии интернети мобилии насли чорум дар вилояти Суғд то 30% васеъ гардид.

 

ВМКБ 

Миқдори пойгоҳҳои базавӣ дар ВМКБ ба андозаи 15% зиёд гардид. Инчунин яке аз лоиҳаҳои бомиқёс модернизатсияи шабакаи таҳвилӣ дар минтақа буд. Ҳамин тариқ, қобилияти гузариши хатҳои радиорелеӣ (ХРР) дар қитъаи Нуробод – Ванҷ қариб ду муротиба, аз 700 Мбит то 1,4 Гбит афзоиш дода шудааст. Мавҷудияти ХРР-и худӣ бо чунин зарфият ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон медиҳад, ки аз хатҳои алоқаи нахӣ-нурии баиҷорагирифташуда вобаста набошад ва муштариёнро ҳатто дар он вақте, ки манбаъҳои берунӣ аз кор мебароянд – масалан, дар вақти барфбориҳои шаддид ё тармафароиҳо бо алоқа таъмин намояд.  

 

Тамоми кишвар

Яке аз лоиҳаҳои бузурги соли 2023 барои ширкати “МегаФон Тоҷикистон роҳандозии манбаи нави таҳвили маълумоти баставии PS Core буд. Қобилияти гузариши таҷҳизот ба андозаи зиёда аз 30% зиёд карда шуд. Ин ба сифат ва дастрасии интернети мобилӣ дар тамоми кишвар таъсири мусбат расонид.

“Соли 2023 дар таърихи ширкати мо яке аз солҳои аз ҳама натиҷабахш буд. Миқдори умумии майдонҳо, ки дар ҳар кадоми онҳо метавон якчанд пойгоҳи базавиро насб намуд, то 7% зиёд шуд. Дар миқёси ҷумҳурӣ ин дастоварди назаррас аст. Бо баландбардории самаранокии хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон мо ба ҳаракатҳои минбаъдаи худ хотима бахшидани нестем. Дар соли 2024 низ ҳаҷми корҳои техникӣ ҳамоно сершумор хоҳад буд”, - аз нақшаҳои гузошташуда сухан гуфт директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафил АГЛЯМОВ.

1.jpg

2.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред