Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Онҳо мизоҷонро хушбахт мегардонанд

30 Августа 2023

Ширкатҳое ҳастанд, ки мо бо камоли майл ба идораи онҳо меравем. Зеро мо медонем, ки дар он ҷо моро ҳамчун меҳмон, бо табассум, пешвоз мегиранд, ба ҳамаи саволҳои мо ҷавоб медиҳанд ва шояд ҳатто бо қанд зиёфат кунандJ.   Ҳатто агар шахсан наоем ва ба маркази тамоси ширкат занг занем ҳам, мо ин табассумро эҳсос менамоем. Феълан, барои кормандони хадамоти мизоҷон, раванди хидматрасонӣ - иҷрои расмии уҳдадориҳо набуда, балки амали дилписанд мебошад. Ин аст, ки онҳо ба мо аз таҳти дил табассум мекунанд. Пас, кистанд он шахсоне, ки мизоҷонро ба дӯстони ширкати худ табдил медиҳанд ва оё худи шахс мутахассиси бахшандаи   хушнудӣ шуда метавонад? Ин хеле хуб аст, ки чунин кор дошта бошед!      

Мизоҷ бо майли дил интихоб мекунад     

Сокинони шаҳрҳоро даҳҳо дӯкону сартарошхонаҳо, идораҳои бонкҳои гуногун ва ширкатҳои мобилӣ иҳота кардаанд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳама чиз комилан маъмулист, яъне ба суроғаи наздиктарин рафта, маълумоти дархостшавандаи худро пайдо менамоед. Бо вуҷуди ин, мо аксар вақт тайёрем ба дигар маҳал равем... Барои чӣ? Албатта, барои хушбахтӣ! Мо онҳоеро интихоб мекунем, ки мизоҷро мефаҳманд ва дарк мекунанд. Як мисоли он, занг ба маркази тамоси оператори алоқа мебошад.     

“Боиси сарфарозист, ки агар шахси аз ягон ҷиҳат норозибуда занг занад, вале пас аз якчанд дақиқа осудаҳол шуда, ба шумо ташаккур гӯяд ва эҳсос кунад, ки шумо барои расонидани ҳар гуна кӯмак ба ӯ омодаед” - мегӯяд Умеда Алимардонова - мушовири хадамоти мизоҷони ширкати “МегаФон Тоҷикистон”. Дар идомаи сухан Умеда чунин иброз намуд: “Ба ман корам хеле маъқул аст. Феълан, ман шарҳ медиҳам, ки масалан, муштарӣ маблағи телефони худро ба чӣ сарф кардааст ё барои баргардонидани маблағе, ки иштибоҳан ба рақами дигар фиристода шудааст, кӯмак мекунам.    Умуман, аз ман вобаста аст, ки одамон дар бораи ширкат чӣ гуна таассурот хоҳанд дошт. Хеле хуб мешавад, агар муштарй сухбатро бо эҳсоси гуфтугӯ   бо дӯсти неки худ анҷом диҳад. Ин ҳам бошад, барои ифтихори касбӣ сабаб мешавад!». »

Намедонед? Мефаҳмонем!     

Оё мушкилоти муштариён зуд ҳал мешаванд? Худ қазоват кунед: вақти миёнаи хизматрасонӣ дар хадамоти мизоҷони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” - 2 дақиқаю 45 сония аст. Вале,   аксар вақт бояд дар муддати кӯтоҳ дар бораи шартҳои тарофа, маълумот дода,   моҳияти хизматрасониҳои хеле мураккаби рақамиро тавсиф диҳем! Дар ин ҷо як муносибати мусбат кофӣ набуда, балки дониш лозим аст. Ширкат дар ин масъала ҳамаҷониба кӯмак менамояд.     

Кормандони нави хадамоти муштариён одатан ҷавононе ҳастанд, ки баъзан таҷрибаи зиёди муошират ва дониши зиёде дар чунин соҳаҳо, ба монанди психология ё технологияи алоқа, надоранд. Аммо дар тӯли чанд ҳафта онҳо бояд мутахассиси "гуногунвазифае" шаванд, ки барои ҳалли ҳама гуна масъала омода аст. Ҳамаи ин маҳз барои қаноатмандии мизоҷон равона гардидааст. Аз ин рӯ, Ширкат на танҳо ба ҳар як навкор устоди ботаҷриба таъмин менамояд, балки тренингҳоро дар мавзӯъҳои гуногун ташкил мекунад.   

Мутахассисони нав, пеш аз ҳама, стандартхои хизматрасониро меомӯзанд. Баъд чӣ? Вобаста ба эҳтиёҷоти фардии навкорон аст, вале дар рӯйхат, масалан, тренингҳо оид ба   идоракунии овоз, муошират дар ҳолатҳои муноқиша пешбинӣ мегарданд.   Ҳар семоҳа «кор бо хатоҳо» гузаронда мешавад ва муҳокима мегардад, ки   барои хушбахт мондани мизоҷ кадом амалҳоро анҷом додан лозим аст.    Садо хеле баланд аст? Барои кормандони МегаФон Тоҷикистон – не. Ин кори муқаррарии онҳост.        

“Мо дар ҳақиқат чунин нишондиҳандаи кори бомуваффақият, ба монанди «Хушбахтии мизоҷ», дорем.   Барои ин мо пайваста кӯшиш мекунем, гӯш кардани муштариён ва ба ҳар савол зуд ҷавоб доданро меомӯзем. Оё ман   хушбахтам, ки ин ба ман муяссар мегардад? Албатта. Бале, мо чунин як коллектив, чунон бачаҳои хуб дорем, ки бо эҳсосоти ногувор ба кор омадан ғайриимкон аст!” – қайд кард мушовир Давлат Анушервони.

Вақте, ки бо шумо фахр мекунанд      

Дастгирии ҳамкорон – хеле муҳим аст. Танҳо ба назар мерасад, ки мушовир бо муштарӣ як ба як аст. Дар асл рафиқон ҳамеша дар каноранд. Ҳам маслиҳат медиҳанд ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ мекунанд. Онҳое, ки барои кори хуб мукофотпулӣ мегиранд ва ё аз ин ҳам бештар ба унвони «Мушовири беҳтарин» мушарраф мегарданд, албатта сухани табрикот мешунаванд! Билохира хушбахтии мизоҷ - ҳадафи умумист.         

“Мо ба одамон барои беҳтар шудани зиндагии онҳо кӯмак мерасонем. Ин худ руҳбаландкунанда аст! Умуман, корамон аз он сабаб шавқовар аст, ки мо пайваста рушд меёбед, дониши нав меомӯзем. Ҳар як мизоҷ, ҳар як тренинг - таҷрибаи пурарзиш аст. Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки кормандоне, хадамоти мизоҷонро тарк менамоянд, одатан ба сӯи “боло” ҳаракат мекунанд, ба вазифаҳои баландтар ноил гашта, дар дигар зерсохторҳои   ширкат фаъолияти худро идома медиҳанд. Ин ҳам боиси ифтихор аст - на барои худ, балки барои ҳамкорон! – мегӯяд мушовир оид ба хизматрасонии мизоҷони корпоративӣ Сӯҳроб Машрабов.                          

Хуб, акнун бармегардем ба саволе, ки дар аввал дода шуда буд. Чӣ тавр ба чунин дастае шомил шудан мумкин аст, ки дар он ҷо   аз ҳисоби Ширкат меомӯзонанд, ба ҷавонон барои усто шудан ёрӣ мерасонанд, ба якдигар ва албатта ба мизоҷон табассум мебахшанд?

Ҷавоб дар як суроғаи : https://jobmf.tj/

Хушбахт бошед!  

1.JPG

2.JPG 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред