Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Муттаҳид карда, бароҳат бош: интернети мобилиро бо интернети хонагӣ пурра намо
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Муттаҳид карда, бароҳат бош: интернети мобилиро бо интернети хонагӣ пурра намо

15 Августа 2023

Бори нахуст дар бозори алоқаи Тоҷикистон тарофаи мобилӣ бо интернети ноқилии “Барои хона” пурра карда шуд. Муштариёни якумин оператори имкониятҳои нави рақамӣ бо интихоби тарофаи нодири “Муттаҳид намо” ҳамаи намудҳои дастрасиро ба шабакаи ҷаҳонӣ истифода бурда метавонанд.

Пешниҳоди нав ба муштариёни тарофаҳои “Дар тамос” ё “Аз ту оғоз мегардад” дастрас аст. Онҳо имкон доранд, яке аз се бастаҳои бо суръати пайвастагӣ фарқкунандаро пайваст намоянд: “Муттаҳид намо 3 Мбит/с”, “Муттаҳид намо 5 Мбит/с” ва “Муттаҳид намо 10 Мбит/с”. Пардохт барои хизматрасониҳои мобилӣ ва собит дар як лаҳза гирифта мешавад. Ҳамин тариқ, метавон ду тарофаро ҳамчун як тарофа истифода намуд.

Дастраскунии ҳамаи хизматрасониҳои маъмулии мобилӣ дар баста бо интернети хонагӣ – ин хеле қулай аст. Ба ғайр аз ин, бо пайвасткунии тарофаи нав муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” то сатҳи назаррас маблағи худро аз ҳисоби дастрасии собит сарфа менамояд. Масалан тарофаи қаблан ҷоришудаи “Барои Хона 3 Мбит/с” 140 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Тарофаи шабеҳи он -  “Муттаҳид намо 3 Мбит/с” – ҳамагӣ 100 сомонӣ арзиш дорад. Агар он якҷоя бо бастаи “#ҲамаашОсон” бо нархи 135 сомонӣ пайваст карда шавад, ҷамъулҷамъ супурдани маблағ дар ҳаҷми 235 сомонӣ зарур меояд. Дар алоҳидагӣ ҳамон як хизматрасониҳо 275 сомонӣ арзиш медоштанд. Ҳамин тариқ, маблағ дар ҳаҷми 40 сомонӣ сарфа карда мешавад.

Бо тарофаҳои дигари силсилаи “Муттаҳид намо” интернети ноқилӣ ҳамчунин арзонтар хоҳад афтид. Дар бастаи “Муттаҳид намо 5 Мбит/с” он аллакай на 170, балки 140 сомонӣ арзиш дорад. Нархи “Муттаҳид намо 10 Мбит/с” бошад, дар муқоиса бо “Барои Хона 10 Мбит/с” бо арзиши 280 сомонӣ ба 200 сомонӣ баробар аст. 

Ба дӯстдорони сайри интернет белимити шабона низ писанд меоял. Он ба муштариёни тарофаи “Муттаҳид намо” имкон медиҳад, ки интернетро бе маҳдудияти трафик ва бо суръатҳои аз суръати стандартӣ се-чор маротиба баландтар истифода намоянд.

Маълумоти муфассал оид ба тарофаи “Муттаҳид намо” – дар сомонаи  ширкати “МегаФон Тоҷикистон”. Параметрҳои асосии бастаҳо – дар ҷадвали зерин.

Таблица_тадж.версия.jpg 

1.jpg
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред