Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои экологии «Бозиҳои тоза»-ро дастгирӣ намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои экологии «Бозиҳои тоза»-ро дастгирӣ намуд

15 Сентября 2023

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ҳамчун шарики мусобиқаҳои ҷумҳуриявии «Бозиҳои тоза» баромад.  Мусобиқаҳо  рӯзҳои 13-16 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, ба  доираи чорабиниҳои густурда бахшида ба таҷлили 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб   гардиданд.   

Мусобиқаҳои даставӣ оид ба ҷамъоварии партов  дар боғи Ҳайеми пойтахт гузаронида  шуд. Тибқи қоидаҳо иштирокчиён  аз телефонҳо ва замимаи мобилии “Бозиҳои тоза” истифода мебурданд ва дар онҳо холҳои гирифташуда инъикос гардида, ғолибон ба таври автоматӣ  муайян карда мешуданд.   

Wi-Fi барои мусобиқаҳо  аз ҷониби ширкати  “МегаФон Тоҷикистон” таъмин карда шуд.  Илова бар ин, оператор барои иштирокчиёне, ки натиҷаҳои беҳтарин нишон доданд, 60 туҳфа омода кард, яъне  онҳо мегабайтҳои трафики интернет гирифтанд. Дар платформаи махсус иштирокчиён ва тамошобинон тавонистанд бо digital-хизматрасониҳои  муфиди рақамии оператор шинос шаванд.    

Ташкилкунандагони озмуни «Бозиҳои тоза» - Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», Россотрудничество ва созмони «Бозиҳои тоза»-и Федератсияи Россия мебошанд.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG


5.JPG

6.JPG

7.JPG

8.JPG







© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред