Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон ба донишҷӯёни ДДХ идрорпулӣ ҷудо намуд

19 Апреля 2024

Даҳҳо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар машғулиятҳои мутаххасисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” иштирок намуданд. Донишҷӯёни факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ доир ба роҳҳои дар амал бунёд кардани шабакаи мобилӣ ва тарзҳои роҳандозӣ ва фаъолият кардани хизматрасониҳои беназири рақамӣ ва инчунин дар бораи имконияти таҷрибаомӯзӣ ва ҳатто гирифтани идрорпулӣ аз оператор маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Кормандони ширкат дар омӯзиши мутахассисони ҷавони алоқа аз соли 2021, аз вақте ки МегаФон Тоҷикистон ва ДДХ ёддошти ҳамкориро имзо карданд, ширкат меварзанд. Дар ин муддат технологияҳои коммуникатсионӣ хеле пеш рафтанд, бисёр хизматрасониҳои нави рақамӣ, бахусус, дар соҳаи технологияхои иктисодӣ пайдо шуданд. Аз ин рӯ, машғулиятҳои алоқачиёни пуртаҷриба ҳатто барои он донишҷӯёне, ки қаблан дар ин гуна вохӯриҳо иштирок карда буданд, ҳамеша ҷолиб мебошанд.

Аммо ин дафъа меҳмонон ба таври муфассал шарҳ доданд, ки таҷҳизоти насли дуюм ва сеюми алоқа чӣ гуна бо суръати 4G амал мекунанд ва кадом технологияҳо ба рушди хадамоти интернети хонагӣ мусоидат менамоянд. Донишҷӯён ҳамчунин бо навгониҳои замимаи «МегаФон Life», ки аз лиҳози функсияҳояш дар Тоҷикистон ҳамто надорад, шинос шуданд.

Бахши калон ба дурнамои таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти минбаъда дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бахшида шуд. Аз рӯи саволҳои ҳозирин, ин мавзӯъ ҷолиби диққати бисёри донишҷӯёни Донишгоҳи Хуҷанд мебошад. Намояндагони ширкат дар бораи фарҳанги корпоративӣ, талабот нисбати довталабон, қоидаҳои таҳияи ҳолнома ва пешниҳоди дархост барои таҷрибаомӯзӣ дар вебсайти jobmf.tj суханронӣ карданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯёни фаъол аз ҷониби меҳмонон барои саволҳояшон тӯҳфаҳо – дастгоҳҳои нерӯдиҳандаи бесим, батареяҳои беруна, флешкаҳо ва баландгӯякҳои мусиқӣ тақдим гардиданд.

«Мо мехоҳем, ки машғулиятҳои омӯзишӣ ба мутахассисони оянда фоидаи амалӣ оваранд, аз ин рӯ маълумоти навтаринро дар бораи ҷаҳони телекоммуникатсия ва технологияҳои рақамӣ пешниҳод мекунем. Дар ин гуна вохӯриҳо дарҳол маълум мешавад, ки кадоме аз донишҷӯён воқеан ба касб шавқу ҳавас доранд ва маҳз чунин ҷавононро мо ба таҷрибаомӯзӣ даъват менамоем. Ва аз рӯи натиҷаҳои он чанде аз беҳтарин мутахассисони ҷавон аз ширкати мо солона ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ идрорпулӣ мегиранд”, - мегӯяд Анна ЖДАНОВА, директор оид ба ҳайати кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

Мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар дигар донишгоҳҳои кишвар низ чунин машғулиятҳоро баргузор менамоянд.

1.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред