Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

MegaFon Meet

28 Декабря 2023

MegaFon Meet — платформа барои конфронсҳои видеоӣ мебошад, ки имкони ташкили вохӯрии виртуалиро бо шахсони дигар тавассути видео, аудио ё бо ҳарду восита таъмин менамояд. Ба чунин конфронси видеоӣ метавон тариқи веб-камераи компютер ё телефон ҳамроҳ шуд.

 
Афзалиятҳои асосии конфронсҳои видеоӣ:
Баландбардории истеҳсолнокӣ
Яке аз афзалиятҳои асосии алоқаи видеоии конфронсӣ он аст, ки метавон бе тарки идора ҳамзамон дар якчанд маконе, ки ҳазорҳо километр дуртар аст, ҳузур дошт. 

Баландбардории самаранокӣ
Алоқаи видеоӣ дар бисёр мавридҳо назар ба занги видеоӣ нисбатан босамар аст. Масалан, ҳангоми зарурати нишон додани ягон навъ ҳуҷҷатҳо, нақшаҳо, лоиҳаҳо бо конфронси видеоӣ ҳеҷ мушкилие нест. Ин дар ҳолест, ки тариқи телефон анҷом додани ин кор хеле мушкил мешавад.

Сарфаи вақту маблағ аз ҳисоби сафарҳои хизматӣ
Барои муҳокимаи лоиҳае зарур нест, ки шаҳр, кишвар ё ҳатто ҷои кори худро тарк намоед. Барои ин танҳо кофист, ки ҳуҷра ташкил намуда,  иштирокчиёнро даъват кунед ва масъалаҳои заруриро мавриди баррасӣ қарор диҳед.

 
Чӣ тавр метавон ҳуҷраро барои конфронси видеоӣ ташкил намуд?
Барои ин зарур аст, ки Муштарии МегаФон Тоҷикистон буда, ба MegaFon Meet обунаи ҳармоҳаи фаъол дошта бошед.
Барои пайвасткунии хизматрасонӣ зарур аст, ки дархости *525# рақамчинӣ карда шавад. Арзиши он 5 Сомониро дар як моҳ бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ ташкил медиҳад. Сипас лозим меояд, ки тариқи воридкунии рақами худ дар сомонаи https://megameet.megafon.tj/ худро ба қайд гирифт. Пас аз ин амал ба Шумо рамзи якдафъаина аз  МеgaFon Meet барои воридшавӣ фиристода мешавад.


Баъдан равзана кушода мешавад, ки дар он ташкилкунандаи ҳуҷра бояд номи худ ва ҳуҷраро ворид намояд.
Нафаре, ки ҳуҷраро ташкил мекунад, модератор, яъне соҳиби ҳуҷра ба шумор меравад. Ӯ метавонад занги видеоӣ ташкил карда, сипас суроғаро нусхабардорӣ карда, ба иштирокчиёни лозимӣ фиристад. Ҳангоми гузариш ба суроға иштирокчӣ бояд номи худро ворид намояд. Ҳамзамон ба модератор дархост дар хусуси он фиристода мешавад, ки иштирокчӣ бо ҳамин ном мехоҳад вориди конфронс шавад. Қабул ё қатъ карда шавад?
Ҳамзамон дар як конфронс то 70 нафар иштирок карда метавонанд. Барои иштирок дар конфронси видеоӣ Муштарии МегаФон Тоҷикистон будан зарур нест.
Афзалияти MegaFon Meet дар он аст, ки дар тафовут ба хизматрасониҳои дигари шабеҳ, ки давраи ройгони озмоишӣ доранд, MegaFon Meet-ро метавон маротибаҳои бемаҳдуд истифода намуд.
Маврид ба зикр аст, ки трафики Муштарӣ-модератор (яъне шахсе, ки обунаи фаъол дорад) сарф намегардад. Лекин трафики истифодабарандагони дигаре, ки дар конфронси видеоӣ иштирок мекунанд, вобаста ба тарофаҳои онҳо ва шартҳои оператори мобилиашон сарф мешавад.
Дар баробари ин, метавон сифати конфронсҳои видеоиро интихоб намуд, намои писандромадаро интихоб кард, дар чати умумӣ навишт, овоздиҳӣ ташкил намуд, экрани худро намоиш дод ё видеоро аз You Tube пахш кард.


Вазифаҳои модератор: Хориҷкунии иштирокчи, қабули иштирокчӣ, қатъи садо, сабти конфронс.
Ҳар як иштирокчӣ имкон дорад, ки баландгӯяк/камераро фаъол/қатъ намояд, ба чати умумӣ паёмак фиристад ё паёмаки шахсӣ нависад, пурсиш ташкил намояд, ишораи ҷавобӣ фиристад, аз ҳуҷра берун шавад, сифати видеоро танзим намояд, барои баромадкунӣ изҳори хоҳиш намояд (даст бардорад), рӯйхати иштирокчиёнро бубинад, тасвири заминавиро интихоб кунад.




© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред