Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

“МегаФон Life”: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!

29 Марта 2024

Дар замимаи мобилии “МегаФон Life Smart-интиқолҳо бо рақами телефон тавассути паёмрасон дастрас гардиданд. Қаблан интиқоли маблағ танҳо ба воситаи “Ҳамён” бо мушаххасоти корти бонкӣ ё рақами ҳамён (телефон) имконпазир буд, акнун бошад, имкониятҳои замима васеъ шуданд. Бо вуҷуди ин, шарти ҳатмӣ нигоҳ дошта шуд: қабулкунандаи интиқол бояд муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бошад, ки дар толори оператор тартиби тасдиқкунии шахсиятро гузаштааст ва истифодабарандаи мушаххасшудаи “Ҳамён”-и “МегаФон Life” маҳсуб меёбад.

Амали.jpg

Амали 1

Барои ирсоли маблағ бо рақами телефони мобилӣ “МегаФон Life”-ро кушода, ба қисми "Зангҳо” ва сипас ба “Чатҳо” гузашта, тамоси заруриро интихоб намоед. Дар равзанаи чат назди сатре, ки матни паёмак ворид карда мешавад, доирачаи сабз бо навиштаҷоти “TJS” инъикос меёбад.

Амали 1.jpg

Амали 2

Тугмаи «TJS»-ро пахш намоед. Баъдан, аз истифодабаранда  face id ё пин-рамзи «Ҳамён» дархост карда шуда,   клавиатура бо рақамҳо пайдо мешавад, тавассути он бояд маблағи интиқол, суратҳисобе, ки аз он воситаҳои пулии интиқолёбанда гирифта мешаванд.

Амали 2.jpg

Амали 3

Дар равзанаи кушодашудаи интиқол маблағро ворид карда, манбаеро, ки аз он маблағ фиристода мешавад, интихоб намоед. Вариантҳои дастрас: ҳисоби “Ҳамён”, корти бонкии ба замима вобасташуда ё корти фаъолкардашудаи қарзии “Орзу”.

Амали 3.jpg

Амали 4

Интиқол додан”-ро пахш кунед. Ҳолати интиқол дар чат инъикос меёбад ва Шумо мебинед, ки интиқол анҷом дода шуд.

Амали 4.jpg

Маблағи минималии интиқол дар паёмрасони “МегаФон Life” – 1 сомонӣ. Ҳаҷми якдафъаинаи интиқол на зиёда аз 5 759 сомониро ташкил медиҳад. Меъёри моҳона – 125 999 сомонӣ.

Маблағро зуд ва бехатар тавассути “МегаФон Life” интиқол диҳед ва навкунии онро то намунаи охирин фаромӯш насозед!

Замимаро метавонед бо суроғаи .... боргирӣ ва нав намоед.


© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред