Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

«МегаФон Life»: маблағҳоро ба 20 кишвари ҷаҳон интиқол диҳед!

5 Февраля 2024

Имкониятҳои истифодабарандагони интиқоли маблағ дар замимаи мобилии «МегаФон Life» қариб даҳ баробар васеъ шуданд. Агар қаблан интиқол танҳо ба Русия ё Тоҷикистон имконпазир буд, пас ҳоло бошад ба ин рӯйхат 20 кишвари Аврупо ва Осиё шомил шудааст. Хизматрасонии нави «VISA Direct» дар «Ҳамён»-и замимаи мобилии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» якҷоя бо ТАҚХ «Ҳумо» фаъол карда шуд.   

«VISA Direct» имкон медиҳад, ки воситаҳои пулӣ ба Озарбойҷон, Англия, Арманистон, Беларус, Олмон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Малайзия, Молдова, АМА, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Чехия, Эстония ва Кореяи Ҷанубӣ фиристода шаванд. 

Барои интиқолдиҳӣ бояд рақами корти VISA, насаб ва номи шахси қабулкунандаро донед. Ҳатто дар сурати анҷомёбии транзаксия байни кортҳои VISA-и бонкҳои гуногун, пул фавран ворид мешавад. Комиссия 1%-и маблағи интиқолро ташкил медиҳад, ки ин яке аз пешниҳодҳои муфидтарин дар бозори молиявии кишвар маҳсуб меёбад.      

Барои истифода аз хизматрасонии «VISA Direct» лозим аст, ки дар «Ҳамён»-и   замимаи «МегаФон Life» қисмҳои «Интиқол ва кортҳо» - «Интиқоли маблағ»-ро пахш намоед. Баъдан кишварро интихоб кунед ва рақами корти шахси қабулкунанда, ҳаҷми маблағро ворид намуда, тугмаи «Интиқол кардан» -ро зер кунед.      

Ҳамарӯза   истифодабарандаи хизматрасонӣ метавонад то панҷ транзаксия анҷом диҳад. Маблағи камтарини як интиқол - 10 сомонӣ, маблағи зиёдтарин - 2 500 сомонӣ ва меъёри моҳона – 250 000 сомониро ташкил медиҳад.     

Бо «МегаФон Life» маблағҳоро ба 20 кишвари ҷаҳон зуд, қулай ва бехатар интиқол диҳед!     

Замимаро аз суроғаи зерин боргирӣ карда метавонед: ссылке.

1.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред