Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Чиптаҳо барои кино, театр ва консерт дар «МегаФон Life»

6 Сентября 2023

Дар замимаи мобилии «МегаФон Life»   хизматрасонии «Афиша» дастрас шуд. Он барои хариди чипта ба кино, намоишномаҳо, консертҳо, намоишгоҳҳои осорхонаҳо ва фестивалҳо кӯмак мерасонад. Хизматрасонии қулай вақтро сарфа мекунад, дигар ба хазина рафтан ва навбатпоӣ лозим нест.                

Роҳи харид аз саҳифаи асосии замимаи «МегаФон Life» оғоз меёбад. Қисми «Афиша» дар қисми болои экран ҷойгир шудааст. Он дорои интихоби категорияҳо ва худи чорабиниҳо буда, инчунин дар он сатри ҷустуҷӯ мавҷуд аст. Дар ин сатр метавонед номи намоишнома ё филмро ворид карда, онро пайдо намоед.      

Агар корбар, масалан, ба блокбастери нав таваҷҷуҳ дошта бошад, дар "Афиша" ба категорияи "Кино" гузаштан лозим аст. Баъдан, бояд номи филмро пахш карда, кинотеатр, вақти намоиш, ҷой дар толор, намуди чиптаро, яъне барои калонсолон ё кӯдакон, интихоб кунед ва тугмаи "Харидани чипта"-ро пахш намоед.       

Маълумот дар бораи намоишгоҳҳо, намоиши филмҳо, консертҳое, ки дар шаҳрҳои гуногуни кишвар баргузор мешаванд, аз ҷониби шарикони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пешниҳод гардида, ҳамарӯза нав карда мешавад. Дар сурати бекор кардан ё ба таъхир гузоштани чорабинии фарҳангӣ, ташкилкунандагон арзиши чиптаҳои харидашударо бармегардонанд ё дар бораи сана ва вақти нави баргузории он огоҳ мекунанд.    

Шумо метавонед дар як вақт аз «МегаФон Life» то 10 чиптаро барои дилхоҳ чорабинии фарҳангӣ бихаред ва бо тамоми оила ё бо дӯстон ба он чорабинӣ равед. Шояд чиптаҳои бештар лозим аст? Танҳо аз нав вориди «Афиша» шавед. Ҳангоми харид, маблағ аз «Ҳамён», аз корти бонкие, ки ба замима вобаста шудааст, ё аз ҳисоби кешбэк гирифта мешавад.          

Баъд аз пардохти бомуваффақият, корбар огоҳии push мегирад ва ӯ ба таври автоматӣ ба қисми   «Дарпешистода ва гузашта» равона карда мешавад, ки дар он маълумот дар бораи чиптаҳои харидашуда инъикос меёбад. Дар он ҷо рамзи QR мавҷуд аст, ки бояд дар даромадгоҳ ба назоратчӣ пешниҳод карда шавад. Инчунин, ба харидор тавассути SMS истинод ба чиптаи электронӣ фиристода мешавад.      

Айни замон хизматрасонии «Афиша» ба корбарони намунаи охирини замимаи «МегаФон Life» дар смартфонҳо бо ТБ iOS (намуди 3.0.99) ва Android (намуди 3.0.102) дастрас аст. Замимаро аз сомонаи life.tj боргирӣ карда метавонед.     

Ҳаёти рангину ҷолиб дошта бошед ва бо «МегаФон Life» ба чорабиниҳои фарҳангӣ ташриф оред!

2_тадж.версия.jpg

 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред