Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Чӣ тавр бо 2 сомонӣ метавон соҳиби хона шуд

5 Января 2024

Шухратчон Вайдуллоев соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд гардид. Ба дигар ғолибони бурди ниҳоии лотереяи «Дурдонаи шимол» ташкилкунандагон телевизор, смартфонҳои Xiaomi Redmi Note, дастбандҳои фитнес, аккумуляторҳо ва гӯшмонакҳои бесимро тақдим намуданд.  

Барои сокинони вилояти Суғд барои иштирок дар бурдҳои ҳармоҳа ва шомилшавӣ ба рӯйхати довталабони туҳфаи асосӣ - харидани ақаллан як рамзи нодири ID бо нархи 2 сомонӣ кифоя буд. Яке аз зиеда аз 160 ҳазор иштирокчиени лотерея метавонад манзил гирад. Аҷиб нест, ки даври финалӣ, ки мустақиман тавассути шабакаи “ТВ-Суғд” ва YouTube пахш карда шуд, таваҷҷуҳи даҳҳо ҳазор сокинони суғдиро ба худ ҷалб намуд. Вале шахси комилан боиқбол Шухратчон Вайдуллоев баромад, зеро рақамҳои аз мошини лотерея (лототрон) гирифташуда маҳз рамзи ID-и ӯро дақиқ нишон доданд.      

“Ман то ҳол бовар карда наметавонам, манзиле, ки ман дар ин муддат орзу мекардам, воқеан аз они ман шудааст! Ин як туҳфаи боҳашамат барои тамоми оилаи ман аст ва ман аз ҳурсандӣ ҳатто суханони лозимиро баён карда наметавонам. Ташаккури зиёд ба оператори дӯстдоштаи ман. Ба шарофати вай барои мо ҳаёти нав оғоз меёбад!» — бо ҳиссиёти баланд иброз дошт   ғолиб.        

Лотереяи “Дурдонаи шимол” ба чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 20-умин солгарди фаъолияти ширкати “Мегафон” дар вилояти Суғд ҳусни анҷом бахшид.    

Ду даҳсола аст, ки мо ба суғдиён шодии муошират мебахшем ва орзуҳои азизашонро амалй мегардонем. Шунидани суханони миннатдорй ва дидани чеҳраҳои шоди ғолибони «Дурдонаи шимол» - худ як неъмати бебаҳост. Аз ин рӯ, ман мехоҳам ба иштирокчиён барои эҳсосоти рангин ва таассуроти дар як мавҷ қарор доштани мову муштариён ташаккур мегӯям.   Чунин лахзахо як умр дар хотир мемонанд!» – дар ҷамъбаст иброз дошт директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов.        

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба Шумо дар Соли нави 2024 саодатмандӣ хоҳон аст!       

1.jpg

2.jpg

3.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред