Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Барои чӣ муштариён МегаФон Тоҷикистонро дӯст медоранд?

4 Сентября 2023

3 сентябр ширкати “МегаФон Тоҷикистон” 22-сола шуд. Инак, сокинони минтақаҳои мухталифи кишвар дар бораи МегаФон Тоҷикистон чӣ ақида доранд ва сабаби садоқати бисёрсолаи онҳо нисбати ширкат дар чист? МегаФон Таджикистан-тадж.яз.jpg


Алишер Деҳқонов, вилояти Хатлон

Аллакай аниқ дар ёд надорам, ки кай боз хизматрасониҳои “МегаФон Тоҷикистон”-ро истифода мебарам. Лекин ба оператор муддатҳо пештар аз тағйир дода шудани номи ноҳияи мо ба Леваканд, яъне тақрибан понздаҳ сол пеш пайваст шуда будам. Ин маслиҳатро дӯстонам дода буданд, гуфтанд, ки алоқа хуб аст. Он вақт аллакай бисёри шиносон муштариёни ширкат буданд, ман ҳам сим-кортро харидам. Аз он муддат аз интихоби кардаам боре пушаймон нашудаам. Алоқа воқеан назар ба дигар операторҳо беҳтар аст, идораҳои хизматрасонӣ бисёранд – барои ман ҳалкунии масъалаҳоям маҳз дар он ҷойҳо қулайтар аст, барои ҳамин ин хеле муҳим мебошад. Аз ҳама муҳим, интернет босифат аст. Он ба ман бо мақсадҳои корӣ зарур меояд, ман ҳуҷҷатҳоро тариқи почта ирсол менамоям. Баъзан чунин ҳам мешавад, ки хешовандони берун аз ҳудуди кишвар қарордоштаам низ ҳуҷҷатҳо равон мекунанд. Интернети ширкатҳои дигарро низ санҷида будам, лекин дарк кардам, ки МегаФон беҳтар аст. Куҷое наравам, дар ҳама ҷо шабака фаъол аст. 

Алишер Дехканов.png

 

Зуфар Башиков, вилояти Суғд

Ман аз он муддате муштарии МегаФон ҳастам, ки номи он ҳоло “МЛТ” буд. Донишҷӯ будам, ҳамкурсонам он ҷой кор мекарданд ва тарофаҳои хуб пешкаш менамуданд. Аз ҳамон давра алоқаи операторро истифода мебарам. Рақамҳои телефонро иваз карда бошам ҳам, лекин ширкатро – ҳеҷ гоҳ. Якчанд сол пеш бо нархи 65 сомонӣ тарофаи махсуси “Биё Суғд! Фаъол бош”-ро пайваст карда, ин тарофа бароям хеле писанд буд. Имсол фаҳмидам, ки МегаФон Тоҷикистон боз онро ҷорӣ намудааст. Қарори хеле мувофиқ.

Як вақт МегаФон Тоҷикистон маро ба экспедитсия ба Бадахшони Кӯҳӣ даъват намуд. Як ҳафта пеш аз омадани мо касе дид, ки ба деҳаи Барсем сел мефарояд. Ин шахс ба ҳамдеҳагони худ занг зада, онҳоро огоҳ намуд. Худи деҳа зери об монд, лекин одамон наҷот ёфтанд. Як ҳафта пас мо ба ин деҳа омадем. Сокинони деҳа нақл мекарданд, ки маҳз ба шарофати алоқаи мобилӣ зинда монданд. Ин алоқа аз МегаФон Тоҷикистон буд, операторони дигар дар он минтақа фаъол нестанд. Ба назарам, барои интихоби ширкати номбурда ин далели беҳтарин аст.

 Зуфар Башиков.png

 

Зарина Ризоматова, вилояти Хатлон

Бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ман аллакай ҳашт сол шинос ҳастам. Вақте дар Россия зиндагӣ мекардам, алоқаи МегаФонро истифода мебурдам ва вақте ба хона баргаштам, бе ягон шакку шубҳа ин операторро интихоб кардам. МегаФон Тоҷикистон бароям гӯё як чизи худист!

Дар доираи кор ба ман бисёр зарур меояд, ки ихтисоси худро баланд бардорам. Омӯзишро ман бояд дар давлати дигар гузарам, лекин бо ёрии интернети “МегаФон Тоҷикистрон” ман ҳамаи корро тариқи онлайн анҷом медиҳам. Ин хеле қулай аст, зеро ба ягон ҷой рафтан лозим нест.

Агар ягон масъалаҳои марбут ба сифати алоқа ба миён оянд, ман бештар бо онлайн-мушовирон дар замимаи “МегаФон Life” тамос мегирам. Ба ман писанд аст. Лекин тамосгирӣ бо маркази тамос вақти хеле зиёдро мегирад. Якчанд маротиба занг задам, лекин ҷавобро гирифта натавониста, тоқатам тоқ шуд. Лекин як чизро такрор кардан мехоҳам: “МегаФон Life” – ин ёрии беҳтарин аст! Ба саволи додаам ҷавобро дарҳол мегирам.

Зарина Ризаматова.png 

 

Шукрона Раҳимова, Душанбе

Алоқаи ширкатро чор сол истифода мебарам. Онро бо сабабе интихоб кардам, ки интернеташ хеле хуб аст ва пардохти абонентӣ низ бароям мувофиқ аст. Метавон ҳамеша бо наздикон дар тамос буд ва ҳатто ба онҳо кӯмак намуд. Чанде пеш зарур омад, ки барои модарам хадамоти ёрии таъҷилиро даъват намоемю Дар ин мавридҳо махсусан хуб дарк менамоӣ, ки то чӣ андоза алоқа дар ин замона муҳим аст.

Шукрона Рахимова.png

 

Комилҷон Мақсадов, вилояти Хатлон

МегаФон Тоҷикистон барои ман – ин алоқа, ин муошират аст. Аллакай зиёда аз даҳ сол хизматрасониҳои ин ширкатро истифода мебарам. SIM-кортҳои операторони дигарро ҳам истифода мебарам, лекин дар МегаФон ҳам интернет ва ҳам алоқаи овозӣ беҳтаранд.

Албаттар, баъзан камбудиҳо ҳам мешаванд, масалан пайвастшавӣ дер анҷом меёбад. Одатан дархостро дар сомона ё паёмрасон мегузорам ва масъала хеле зуд ҳал мешавад.

Комилджон Махкамов.png 

 

Муртазо Маҳмадиев, Душанбе

Алоқаи “МегаФон Тоҷикистон”-ро ман шуруъ аз соли 2007 истифода менамоям ва бар он назарам, ки он беҳтарин ширкати телекоммуникатсионии кишвар аст! Дар асри XXI бе алоқа ҳаёт номумкин аст, он кори маро хеле осон мекунад. Воқеан гирем, тариқи он ҳама гуна масъалаҳоямро дар дилхоҳ макон ҳал карда метавонам: дар нақлиёт, бозор ва ғ. Ҳамагӣ якчанд занг – ва ҷараён ҳамон тавре, ки мехоҳам, сурат мегирад. Ҳоло чунин нашуда буд, ки алоқаи МегаФон дар ҷое дастнорас шуда бошад. Ягон мушкилие ҳаст? Мехостам ба ин савол ҷавоби ҳақ диҳам: ба маркази тамос занг задан хеле мушкил аст. Лекин дар баробари ин метавон тариқи онлайн муроҷиат намуд. Бинобар ин, аз суханҳои нек нисбати ширкат даст намекашам.

Муртазо Махмадиев.png

 

Татяна Нозиқова, вилояти Хатлон

Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки бо “МегаФон Тоҷикистон” ҳастам. Операторро бо сабабе интихоб кардам, ки интернет ва алоқаи хуб дорад. Чанде пеш, моҳи июл ба шарофати оператор тариқи онлайн курсҳои баландбардории ихтисоси омӯзгоронро гузашта будам. Смартфон дар дигар ҳолатҳои ҳаёт низ кӯмак менамояд: ба воситаи он метавон бо хешовандон маслиҳатҳо кард, харидеро муҳокима намуд. Баъзан барои дидани наздиконам видеозангҳоро низ анҷом медиҳам. Харидҳоро бошад, бештар тавассути замимаи “МегаФон Life” пардохт менамоям.

Одатан се ҷиҳати мусбати ин ё он операторро номбар мекунанд. Ҷиҳатҳои мусбати ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бештаранд. Масалан, дар шаҳри Бохтар идораҳои ширкат зиёданд ва масъалаҳоро метавон ҳангоми роҳ ба сӯи кор ё хона ҳал намуд. Лекин худи ман ҳама масъалаҳоро бо телефон ҳал мекунам. Инчунин ба воситаи МегаФон Тоҷикистон метавон телевизиони рақамиро пайваст намуд.

Татьяна Назыкова.png 

Мавзуна Асрорӣ, вилояти Суғд

Зиёда аз шаш сол мешавад, ки бо оператор шинос ҳастам. Ҳангоми фаъолият дар агентии рекламавӣ муяссар шуда буд, ки бо ин ширкат якчанд лоиҳаҳои муштаракро амалӣ созем. Маҳз ҳамон вақт муштарии ширкат шуда будам. Гуфта метавонам, ки МегаФон Тоҷикистон барои ман – ин қадамҳои аввалин дар касбу кор, хотираҳои беҳтарин, муошират ва пешравӣ аст! Бо истифода аз хизматрасониҳои оператор ман қадам ба қадам ба натиҷаҳое омада расидам, ки айни замон ба онҳо ноил гардидаам.

Хеле қулай аст, ки ман метавонам алоқаро бе сарфи вақти зиёдатӣ идора намоям. Тавассути “МегаФон Life” тавозуни худро назорат мекунам, то ки ногаҳон бе интернет монам. Дар замима инчунин масъалаҳои дигарро низ ҳал мекунам. Лекин ҳоло ба онлайн-мушовирон муроҷиат накардаам. Аз рӯи виҷдон гирем, бо алоқа ҳоло ягон мушкилии ҷиддие пеш наомадааст, бинобар ин, сабаб барои муроҷиат ба хадамоти мизоҷон ҳам нест. Хеле ҳайрон мешавам, вақте дугонаҳоям ба операторони худ шикоят мекунанд. Дар ин ҳолатҳо ба онҳо тавсия медиҳам, ки ба МегаФон Тоҷикистон гузаранд. Онҳое, ки гузаштанд, акнун пурра қаноатманданд.

 Мавзуна Асрори.png

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред