Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Алоқаи боэътимод мехоҳед – ба оператор нависед!

1 Февраля 2024

Соли 2023 ҳар дуввумин дархости муштариён оид ба насб ё навгардонии истгоҳи базавӣ барои беҳтар кардани сифати алоқа аз тарафи муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» қонеъ карда шуд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 300 дархост иҷро гардид. Боз наздики 150 дархости дигар аз миқдори воридшуда ё 25% аз шумораи умумӣ, баъди арзёбии мутахассисон, ҳангоми ташаккули нақшаи рушди техникӣ барои соли 2024 ба инобат гирифта шуданд. Корҳои вобаста ба дархостҳои муштариён дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷараён доранд. 

Насби истгоҳи базавӣ (ИБ) - раванди тӯлонӣ ва заҳматталаб аст. Он аз хориҷа харидан ва таҳвил додани таҷҳизоти алоқа, гирифтани ҳамаи иҷозатномаҳо аз мақомоти назоратӣ, васл ва танзимкуниро дар бар мегирад. Дар натиҷа, ба кор андохтани ҳамагӣ як истгоҳ то шаш моҳ тӯл мекашад ва сармоягузории то 100 ҳазор долларро талаб мекунад.   Аз ин рӯ, ба зудӣ иҷро кардани дархост оид ба насби ИБ ғайриимкон аст, вале ба ҳар сурат ҳар як муроҷиат таҳти назорати махсуси оператор қарор дорад. Агар зарурати ичрои ариза аз тарафи мутахассисони техникй тасдик карда шавад, он гоҳ вай ҳарчи зудтар барои корбарӣ қабул мегардад.      

Баланд бардоштани сифати алоқа дар ҷойҳое, ки истгоҳҳои базавӣ аллакай насб шудаанд, аксар вақт роҳҳои дигар ҳалро талаб мекунад. Вобаста ба ҳолат, таъминоти барномавии таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ нав ё иқтидори гузариши каналҳои таҳвили маълумот васеъ карда шуда,   дар мавридҳои душвор ИБ иловагӣ фаъол карда мешаванд.    

Дар соли 2023 бо хоҳиши муштариён дар шаҳру деҳоти тамоми манотиқи Тоҷикистон   истгоҳҳои нави базавӣ ба кор андохта шуда, мавриди модернизатсия қарор гирифтанд.     

8 ИБ шабакаи операторро дар шаҳри Душанбе, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, таҳким бахшид. Ҳамин миқдор дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Истаравшани вилояти Суғд насб карда шуд.    

Дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнони ВМКБ - 9 истгоҳи нав ба кор даромад.    

Дар вилояти Хатлон 22 ИБ гузошта шуда, ба туфайли онҳо дар шаҳрҳои Кӯлобу Норак, ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Данғара, Кабодиён, Кӯшониён, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Хуросон ва Ёвон алоқа тадриҷан беҳтар гардид. 

Корҳои васеъ бо дархости муштариёни НТМ анҷом ёфтаанд. Дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор, ноҳияҳои Лахш, Рашт, Рӯдакӣ ва Шаҳринав муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» беш аз 50 истгоҳи базавии иловагиро фаъол карданд.      

«Вақте ки истгоҳи базавӣ насб гардид, дарҳол интернети хуб пайдо шуд. Ҳоло бисёре аз сокинони ноҳияи мо симкорти МегаФон Тоҷикистон доранд, зеро ин алоқаи боэътимодтарин аст, - мегӯяд Шерқул Саъдуллоев, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58 шаҳри Ҳисор.     

«Муҳимтар аз ҳама – ин робита бо хешу таборест, ки дур аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд. Хуб аст, ки ба дархости мо ҷавоб дода, сифати шабакаро беҳтар карданд. Ташаккури зиёд ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон»!» — илова мекунад сокини Ҳисор Руқия Хайбуллоева.       

Кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» чунин тавсия медиҳанд: агар шумо хоҳед, ки барои беҳтар кардани алоқа дар деҳа ё маҳаллаи худ муроҷиат кунед, пас ҳатман дархост гузоред! Оператор пайваста бо муштариён дар тамос буда, ҳар як дархостро ҳамаҷониба арзёбӣ мекунад, шабакаро дар минтақаҳои мушкил санҷида, нақшаҳои рушди техникии худро бо назардошти хоҳиши сокинони кишвар тасҳеҳ менамояд. Шояд ба зудӣ ҳам набошад, вале ба ҳар сурат масъалаи шумо ба қадри имкон ҳал карда мешавад.

1.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред