Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

Ахборот

17 Мая 2019

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” инкишофи шабакаро тариқи вусъатбахшии суръати интернети мобилӣ дар вилояти Суғд идома медиҳад. Дар натиҷаи корҳои техникие, ки аз ҷониби оператор дар ноҳияи Истаравшан гузаронида шуданд, боз 150 000 сокинони минтақа ба интернети баландсуръат дастрасӣ пайдо намуданд.

7 Мая 2019

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” васеъкунии шабакаи фурӯши хусусиро дар вилояти Хатлон идома медиҳад. Баҳри қулайгардонии имкониятҳои муштариён боз чор толори фирмавӣ кушода шуданд. Ин ба оператор имкон медиҳад, ки ҳаррӯза якчанд ҳазор бештар муштариёнро хизматрасонӣ намояд.

1 Мая 2019

Ду дастаи кӯдакона, ки дар марҳилаи ҷумҳуриявии мусобиқаҳои “Оянда аз ту вобаста аст” дар категорияҳои синну соли калон ва хурд ғолиб омаданд, Тоҷикистонро дар даври ниҳоии мусобиқаҳо дар шаҳри Сочии Россия муаррифӣ хоҳанд кард. Туҳфаи асосӣ барои ғолибон роҳхат ба бошишгоҳи футболи клуби “Барселона” дар шаҳри Сочи ба ҳисоб меравад.

29 Апреля 2019

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” натиҷаҳои корҳои техникии семоҳаи якуми соли 2019-ро ҷамъбаст намуд. Дар вилояти Хатлон корҳои модернизатсионии шабака дар ҳар пойгоҳи базавии панҷуми Ширкат гузаронида шуданд. Такмили сифати алоқаи овозӣ ва баландшавии суръати интернети мобилиро садҳо сокинони минтақа эҳсос намуданд.

15 Марта 2019

Навруз – яке аз идҳои дӯстдоштаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ва азбаски соли 2019 дар ҷумҳурӣ чун соли инкишофи ҳунарҳои мардумӣ эътироф гардид, кормандони толорҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” қарор карданд ин идро ба таври махсус ҷашн гиранд. Як ҳафта пеш аз “Соли нави форсӣ” ҳама мутахассисон бо сару либоси миллӣ ба кор баромада, марказҳои хизматрасониро бо сабки миллӣ оро доданд.

14 Марта 2019

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва “Samsung Electronics” иқдоми муштаракро оғоз менамояд. Ҳангоми харидани смартфонҳои Samsung – намудҳои Galaxy S10е, Galaxy S10 ё Galaxy S10+ муштарии оператор бастаи трафики интернети мобилиро туҳфа гирифта дастрасиро ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳои маъруф пайдо менамояд.

22 Января 2019

“МегаФон Тоҷикистон” натиҷаҳои фаъолнокии муштариёни худро дар шаби соли нав ҷамъбаст намуд. Тавре омор нишон медиҳад, дар муқоиса ба соли гузашта миқдори зангҳои овозӣ 4% афзоиш ёфта, трафики интернет яку-ним маротиба зиёд истифода карда шуд.  

22 Января 2019

Сана 17 январ “МегаФон Тоҷикистон” ва Федератсияи футболи Тоҷикистон меморандуми ҳамкориро имзо намуданд. Дар зери ҳуҷҷат Директори иҷроияи Ширкат Анатолий ИЗЮМНИКОВ ва президенти ФФТ Дилшод ҶӮРАЕВ имзо гузоштанд.  

29 Декабря 2018

Дар арафаи Соли нав ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои тарбиятгирандагони хонаи кӯдакони шаҳри Кулоб ҷашни солинавӣ ташкил намуд. Кӯдакон туҳфаҳо гирифта, таҳти сурудҳои сарояндаи маъруфи Тоҷикистон Наимҷони Сайдалӣ рақсҳои зебо намуданд.

26 Декабря 2018

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба хабарнигорон, блогерҳо ва намояндагони сомонаҳои иҷтимоии вилояти Суғд воридоти нав дар барномаи мобилии “МегаФон Life» пешниҳод намуд, ки дар худ алоқаи мобилӣ, мессенҷерҳо, “Ҳуҷраи корӣ”-ро барои идораи хизматрасониҳо ва функсияҳои дигари муфид ба монанди “Ҳамёни МегаФон” муттаҳид карда имкон медиҳад, ки пардохт барои хизматрасониҳои алоқа, телевизиони ноқилӣ ва дигарро дар вақти воқеӣ ҳангоми амалӣ намояд.

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?