Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

Ахборот

7 Ноября 2019

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шиносоии омӯзгорон ва волидайни хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанберо бо хизматрасониҳои рақамие, ки барои таъмини бехатарии кӯдакон дар ҷаҳони виртуалӣ ва воқеӣ имконият медиҳанд, идома дода истодааст. Семинари навбатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и пойтахт баргузор гардид.      

4 Ноября 2019

Модернизатсия дар ду марҳила ҷараён гирифт. Дар марҳилаи якум таҷҳизоти қаблан корандозишуда нав карда шуда, дар марҳилаи дуюм – пойгоҳҳои нави базавии стандарти 4G барои таъмини сокинон бо интернети босуръати мобилӣ ба кор дароварда шуданд. Акнун сатҳу сифати даъватҳои анҷомёбанда ва пайвастагиҳои интернетӣ пурра ба талаботи мизоҷон ҷавобгӯй мебошанд. Модернизатсияи таҷҳизоти ҳамаи наслҳо имкон дод, ки зичии шабака дар минтақа зиёд карда шуда, инчунин ба фаъолияти дастгоҳҳои мобилии муштариён, ки акнун барои таҳвили сигнал то пойгоҳи базавӣ нерӯи камтарро сарф мекунанд, суръат бахшида шавад.

1 Ноября 2019

Дар Тоҷикистон машқҳои муштарак таҳти унвони “Бародарии пойдор” гузаронида шуданд, ки дар он низомиёни давлатҳои Белоруссия, Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон иштирок намуданд. Таъмини полигони дурдасти “Ҳарбмайдон” бо алоқаи гражданӣ ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” супорида шуд. Оператор ин вазифаро дар сатҳи аъло ба иҷро расонид – ба шарофати алоқаи овозӣ ва интернети мобилӣсарбозон аз давлатҳои мухталиф имкон доштанд, ки бо наздикони худ дар тамос бошанд.

31 Октября 2019

Семинарҳое, ки ба онҳо МегаФон Тоҷикистон волидайни истифодабарандагони ҷавони хизматрасониҳои рақамиро даъват менамояд, дар мактабҳои пойтахт идома доранд. Зимни семинари омӯзишӣ дар мактаби №54 падарону модарони хонандагон оид ба воситаҳои назорати фаъолнокии интернетии кӯдакони худ ва имкониятҳое, ки барои истифодабарандагони замимаи “МегаФон Life” дастрас мебошанд, маълумотҳо гирифтанд.

30 Октября 2019

Дар киберфазои ш.Душанбе – “Somoni Cyber Space” марҳилаи миллии чемпионат оид ба киберварзиш, ки бо дастгирии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” гузаронида мешуд, хотима ёфт. Мувофиқи натиҷаи бозиҳо аз рӯйи намудҳои  Dota 2 ва CS:GO мутаносибан дастаҳои "RWG (Red White Green)” ва “Project Major” беҳтарин эътироф карда шуданд. Маҳз онҳоро МегаФон Тоҷикистон ба Қазоқистон равона менамояд. Дар он ҷой киберварзишгарони мо барои роҳхат ба мусобиқаи ҷаҳонии WESG-2019-2020 мубориза мебаранд.

30 Октября 2019

МегаФон Тоҷикистон ба Муштариёне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, шартҳои имтиёзнокро барои занг задан  ба ватан пешниҳод намуд.  Дар доираи иқдоми «Чун дар хона» арзиши даъватҳои овозӣ ва видеоӣ барои Муштариёни МегаФон Тоҷикистон ҳамагӣ 50 тин (7 дирам)-ро барои як дақиқа ташкил медиҳад.  Барои ин занг задан тавассути замимаи ройгони мобилии «МегаФон Life», ки дар  AppStore, Google Play ва дар саҳифаи замимаи  infolife.megafon.tj   дастрас аст, зарур мебошад.  

30 Октября 2019

“МегаФон Тоҷикистон” – аввалин оператори рақамии кишвар, доираи вазифаҳои замимаи мобилии “МегаФон Life”-ро васеъ менамояд. Акнун истифодабарандагон аз санаи 1.11. соли 2019 имкон доранд, ки аз рӯйи рақами худ тафсилотро бевосита бо ёрии смартфон дастрас намоянд.

28 Октября 2019

Дар Душанбе маросими ифтитоҳи расмии “Академияи МегаФон” баргузор гардид. Маҷмааи нави таълимӣ, ки дар кӯчаи Бухоро 34 ҷойгир шудааст, имкон медиҳад, ки ҳангоми омодакунии мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, аз ҷумла мушовирони идораҳои хизматрасоние, ки бевосита бо муштариён кор мебаранд, стандартҳо ва технологияҳои пешрафтаи таълимӣ дар амал татбиқ карда шаванд. Дар ҳуҷраҳои қулай ва муосир инчунин гузаронидани вохӯриҳо бо шарикон ва чорабиниҳо барои сокинони шаҳр дар назар аст.

25 Октября 2019

Дар Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии “Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ” ифтитоҳ ёфт. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба ҳайси шарики ин чорабинии калон баромад намуда, иштирокчиёни онро бо интернети мобилӣ ба воситаи технологияи Wi-Fi таъмин намуд. Ба ғайр аз ин, оператор зимни он Digital-ҳуҷраи ғайриоддиро муаррифӣ намуд, ки бо ёрии он меҳмонони намоишгоҳ метавонанд мушкилоти марбут ба алоқаро ҳал намуда, доир ба пойтахти Тоҷикистон маълумот бигиранд ё бо пешниҳодҳои мушаххас бевосита ба роҳбарони МегаФон муроҷиат намоянд.

25 Октября 2019

Муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» роҳи зуд ва осони гирифтани қарзҳоро ба тавозуни телефони худ ё ба ҳисоби худ дар ҶСП ТАҚХ «Хумо» пайдо намуданд. Маблағҳое, ки бо ёрии хизматрасонии «Қарзи осони Хумо» гирифта шуданд, барои интиқол ба кортҳои системаи «Корти миллӣ», пардохти харид тавассути «Ҳамён»-и замимаи мобилии «МегаФон Life» ё нақдкунӣ дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои «Хумо» дастрас мебошанд.      

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?