Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

Ахборот

19 Ноября 2019

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба муштариён имконияти иловагиро барои ҳалли масъалаҳои “мобилӣ” пешниҳод намуд. Ду идораи “Биё” дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ҷой гирифтаанд.

18 Ноября 2019

11 ноябр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар  баргузор гардид, ки дар он  Корпоратсияи байналмилалии  молиявӣ  (IFC) натиҷаҳои рейтинги сабукии пеш бурдани  тиҷорати «Doing Business»-ро манзур намуд.    Дар чорабинӣ яке аз масъалаҳои муҳим, ба монанди гирифтани қарзҳо аз ҷониби соҳибкорон, мавриди муҳокима қарор гирифтааст.     Ба шарофати  лоиҳаи муштараки МегаФон Тоҷикистон ва  ҶСП  ТАҚХ  «Хумо»  қарзҳои хурд барои мизоҷони оператор бештар  дастрас шуданд.    

15 Ноября 2019

Лоиҳаи HiBrand Pamir 2019, ки аз ҷониби ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ташкил карда шуд,  ба теъдоди ҷоизадорони Eventiada IPRA Golden World Awards 2019 – ҷоизаи калонтарин дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна  дар соҳаи телекоммуникатсия шомил гардид.      Конфронси байналмилалии HiBrand Pamir  2019  аз ҷониби оператор  моҳи сентябр гузаронида шуд ва мукофотро дар номинатсияи «Трендҳои байналмилалӣ дар коммуникатсияҳо»  ба даст овард.

14 Ноября 2019

Тӯли чор моҳ пас аз роҳандозӣ шудани шабакаи насли чорум трафики интернети муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш яку ним маротиба афзоиш ёфт. Суръатҳои нави дастрасӣ ба мизоҷони оператор имкон дод, ки паёмрасонҳо ва хизматгузориҳои дигари қулайро аз худ намоянд.

14 Ноября 2019

Кормандони департаменти молиявии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари дурӯза доир намуданд. Донишҷӯёне, ки кори бонкӣ, андозбандӣ, молия ва қарзро меомӯзанд, дар бораи тарзу воситаҳои ташкил ва фаъолияти хизматрасониҳои рақамие, ки ба воситаи онҳо муштариён тариқи смартфонҳои худ амалиёти молиявиро ба амал бароварда метавонанд, маълумот гирифтанд. Маълумоти бадастоварда ба кормандони ояндаи соҳаи молия имкон медиҳад, ки хизматгузориҳоро бо диди кор дар фаъолияти минбаъдаи касбии худ мавриди истифода қарор диҳанд.  

13 Ноября 2019

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва “Почтаи Тоҷик” лоиҳаи нодири муштаракро роҳандозӣ менамоянд. Муштариёни оператори алоқа имкон пайдо мекунанд, ки молҳои тавассути мағозаҳои калонтарини интернетии "AliExpress”, “Taobao”, “eBay” ва “Amazon” харидоринамудаи худро на танҳо дар почта, балки инчунин дар толорҳои алоқаи МегаФон дастрас намоянд.

12 Ноября 2019

Дар Тоҷикистон овоздиҳӣ ба иштирокчиёни даври нимниҳоии намоиши телевизионии “Central Asia’s Got talent” оғоз ёфт. Як “истеъдоди беҳамто”-ро ҳайати ҳакамон, истеъдоди дуюмро тамошобинон интихоб хоҳанд кард. Анҷом додани ин кор осон аст: масалан, кофист, ки барои номзади писандомада SMS ба рақами 5021 равона карда шавад. Дар шабакаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки ба ҳайси шарики кулли намоиш баромад менамояд, арзиши чунин паёмак 75 дирам буда, он аз нархҳои операторони боқимондаи ҶТ ду маротиба арзонтар аст.  

11 Ноября 2019

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” намояндагони ВАО, блогерҳо ва истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро ба мусобиқаи якум аз рӯйи намуди, эҳтимол аст, аз ҳама муосир ва маъруфи варзиш – боулинг даъват намуд.

11 Ноября 2019

Хабарнигорони шабакаҳои маъруфи телевизионии вилояти Суғд хизматгузориҳои нави рақамиро, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба вуҷуд оварда шудаанд, мавриди озмоиш қарор доданд. Оператор ба кормандони ВАО пешниҳод намуд, ки дар реҷаи вақти воқеӣ бо ёрии замимаи мобилии “МегаФон Life” ва чат-боти “Доно” аз онлайн-хизматрасонӣ гузаранд.  

8 Ноября 2019

Барномаҳои шабакаи телевизионии “Футбол +”-ро акнун метавон на танҳо тавассути телевизор, балки инчунин ба тариқи онлайн тамошо намуд. Замимаи ҳамноми мобилӣ ба муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар смартфонҳо ва планшетҳо бо системаи оператсионии Android дастрас мебошад. Замимаи “Футбол +” аз ҷониби оператор якҷоя бо Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шудааст.  

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?