Бахшида ба 25-солагии худ МегаФон Тоҷикистон шабакаи фурӯшҳоро дар тамоми кишвар ба таври фаъол васеъ карда истодааст. Танҳо тӯли моҳҳои январ ва феврал 11 маркази нави хизматрасонӣ кушода шуданд. Ин қадами навбатӣ дар самти то ҳадди имкон дастрас намудани хизматрасониҳои ширкат барои сокинони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Идораҳои нав дар маконҳо бо логистикаи қулай кушода мешаванд: назди марказҳои савдо, муолиҷахонаҳо, роҳҳои серҳаракати мошингард. Муштариён имкон доранд, ки тарофаҳо пайваст намоянд, ҳисоби худро пур кунанд, SIM-кортҳо бихаранд ва машварати мутахассисонро дар масофаи начандон дур аз хонаи худ ба даст оранд.
Ҷуғрофияи лоиҳа – тамоми минтақаҳои кишвар. Дар Душанбе – ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ, дар НТМ – Ваҳдат. Дар вилояти Суғд нуқтаҳои нави хизматрасонӣ дар Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод ба фаъолияти худ шурӯъ карданд. Дар вилояти Хатлон бошад, дар Балҷувон, Восеъ, Темурмалик ва Шаҳритус.
“Бо васеъ намудани шабакаи илораҳои хизматрасонӣ мо дар навбати аввал талаботи рӯзмарраи одамонро ба назар мегирем. Алоқа, хизматрасониҳои рақамӣ бояд новобаста аз он, ки муштарӣ дар куҷо – пойтахт ё минтақаи дурдаст зиндагонӣ дорад, дастрас бошанд. Маҳз бо ҳамин сабаб мо пай дар пай шабакаи фурӯшҳои худро дар қаламрави тамоми ҷумҳурӣ инкишоф медиҳем. Алҳол мо аллакай дорои зиёда аз 400 толор ҳастем”, - изҳор дошт директори самти тиҷорат ва рушди бизнеси ширкати “МегаФон Тоҷикистон Артемий Пономарёв.
Дар идораҳои ширкат на танҳо муштариёни худӣ мавриди хизматрасонӣ қарор мегиранд. Дар ин ҷой метавон маблағи хизматрасониҳои ҳамаи операторони мобилии кишвар, интернет-провайдерҳо, NGN, алоқаи телефонии шаҳрӣ ва байналмилалӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва телевизионро зуд, қулай ва бе навбатпоиҳо пардохт намуд.
МегаФон Тоҷикистон кайҳо аз доираи телекоми анъанавӣ берун шуда буд, бинобар ин, ба идораҳои ширкат барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ низ муроҷиат менамоянд. Дар онҳо метавон қарзҳоро бе пардохти фоизҳои иловагӣ адо намуд, депозитҳо ва кортҳои бонкӣ, кортҳои ташкилотҳои хурди молиявиро пур кард, маблағҳоро интиқол дод. Хизматрасониҳои бонкӣ дар якҷоягӣ бо ҶСП “Бонки Ҳумо” пешниҳод карда мешаванд.
Миёни сокинони кишвар ҳамчунин хизматрасонии “Cash Out” маъруф мебошад, ки он дар идораҳои хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пешниҳод мегардад. Барои дастраскунии маблағи нақд кофист, ки шиноснома ва корти бонкии “Корти Миллӣ”-ро пешниҳод намоед. Баъди мушаххасгардонии фаврӣ мизоҷ PIN-рамзро мустақилона дар POS-терминал ворид менамояд, мушовир бошад, маблағи зарурӣ ва чекро пешниҳод мекунад. Ин ҳангоми анҷоми харидҳо дар бозорҳо, ки на ҳамеша пардохти ғайринақдиро қабул менамоянд, махсусан қулай аст. Бо ҳамин сабаб толорҳои ширкат бештар дар наздикии майдонҳои бузурги тиҷоратӣ кушода мешаванд.
Дар Душанбе ба мизоҷони толорҳои “МегаФон Тоҷикистон” инчунин хизматрасониҳои суғуртаи автомобилҳо ва таҷҳизоти мобилӣ дастрас ҳастанд. Мушовирон имкон доранд, ки пешниҳодҳои мувофиқро интихоб намуда, санади суғуртавиро ба расмият дароранд – ин аз ҷустуҷӯи мустақилонаи маълумот дар интернет зудтар ва қулайтар аст.
Меҳмонону сокинони пойтахт вақти зиёди худро бо сайругашт дар кӯчаву боғҳои Душанбе мегузаронанд. Ҳангоми кам мондани нерӯи телефон, баҳри пешгирии қатъи алоқа метавон аккумуляторро барои телефон ба иҷора гирифт – беҳтар аст на васлак ҷустуҷӯ намоед, балки аз тамошои шаҳр ҳаловат баред.
Суроғаҳои толорҳои нав:

Рӯзҳои наздик боз якчанд идораи хизматрасонии ширкат ифтитоҳ меёбанд: дар вилояти Суғд – дар Хуҷанд ва Конибодом, дар вилояти Хатлон – дар Ёвон, дар НТМ – дар Ваҳдат, дар ВМКБ – дар Ишкошим.
“МегаФон Тоҷикистон” – доимо дар паҳлуи Шумо!





