Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Тарофаи махсуси мобилӣ барои вилояти Суғд бармегардад!

16 Марта 2023

Ба сокинони Суғд тарофаи махсусан муфидро пешниҳод намуданд, ки он дар ягон минтақаи дигари кишвар мавҷуд нест. Ба муносибати 20-солагии фаъолияти худ дар минтақа МегаФон Тоҷикистон тасмим гирифт, ки таҷрибаи нодири худро такрор намояд. Пайвасткунии тарофаи махсуси “Биё Суғд! Фаъол бош” дар идораҳои хизматрасонӣ ё ин ки дар толорҳои фирмавии оператор имконпазир аст.

“Биё Суғд! Фаъол бош” дар муқоиса бо тарофаи шабеҳи дорои ҳамин гуна ҳаҷм ду маротиба муфидтар аст. Бастаи хизматрасониҳо зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 110 дақиқа барои зангҳо ба шабакаҳои дигар, 5 Гб трафики интернет ва дасрасии ройгонро ба паёмрасонҳою шабакаҳои маъруфи иҷтимоӣ дар бар мегирад. Дар баробари ин, нархи тарофа ҳамагӣ 65 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад.

Яке аз аввалинҳо шуда афзалиятҳои тарофаи навро кормандони ВАО-и Суғд баланд арзёбӣ намуданд. “Мо бояд 24/7 дар алоқа бошем. Дар ин ҳолат тарофаи “Биё Суғд! Фаъол бош” имкон медиҳад, ки ҳамеша онлайн бошем ва аз ягон рӯйдоди муҳиме бехабар намонем. Он ба талаботи мо ҷавобгӯ аст”, - мегӯяд Алишер ТОЛИБ, сармуҳаррири онлайн-нашриёти хабарии “SugdNews”.  

“Муштариёни МегаФон дар вилояти Суғд муштариёни аз ҳама “рақамӣ” ба шумор рафта, ҳиссаи истифодабарандагони интернети мобилӣ дар вилоят ҳатто нисбат ба пойтахт зиёдтар аст. Теъдоди мизоҷони мо дар минтақа ҳамчунин зиёд аст, айни замон дар шабакаи мо зиёда аз 200 ҳазор сокинони вилоят мавриди хизматрасонӣ қарор доранд. Бо ҳамин сабаб ҳанӯз соли 2018 барои сокинони вилояти Суғд тарофаи махсус пешбинӣ карда шуд, ки он як рамзи миннатдорӣ барои интихоби ширкати мо буд. Он замон тарофаи мазкурро ҳар муштарии панҷум пайваст мекард. Дар соли ҷашнвора мо бори дигар шартҳои махсусеро пешниҳод менамоем, ки дастрасиро ба интернети баландсуръат ва хизматрасониҳои нави молиявӣ васеъ хоҳанд кард. Ба тарофа ҳамаи он имконоте дохил карда шудаанд, ки барои суғдиён писанд аст!” – мегӯяд Раҳматҷон РАҲМАТОВ.

Тарофаи махсус дар ҳудуди вилояти Суғд амал менамояд. Агар муштарӣ ҳудуди минтақаро тарк намояд, нархгузорӣ тағйир меёбад: ҳамин тариқ, нархи дақиқаи занг дар дохили шабака 10 дирам ва даъватҳо ба рақамҳои операторони дигари ҶТ – 20 дирамро ташкил медиҳад. Трафики интернет аз ҳисоби бастаи асосӣ сарф гардида, ҳангоми ба поён расидани ҳаҷми он арзиши 1 Мб 50 дирамро ташкил хоҳад дод.



 
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред