Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон меҳмонони “Кӯли Душанбе”-ро ба “мавҷи сабз” ҳамроҳ намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва MMS
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон меҳмонони “Кӯли Душанбе”-ро ба “мавҷи сабз” ҳамроҳ намуд

25 Августа 2020

Рӯзҳои истироҳати гузашта меҳмонони маҷмааи дилхушии обии “Кӯли Душанбе” на танҳо имконияти истироҳат ва дилхушӣ карданро доштанд, балки инчунин аз оператори имкониятҳои нави рақамӣ туҳфаҳоро ба даст оварданд. Дар рафти иқдоми “Мавҷи сабз” МегаФон Тоҷикистон ба ғолибони озмунҳо даҳҳо туҳфаҳо, аз ҷумла сертификатҳоро барои бастаҳои трафики интернет тақдим намуд.

“Мо ҳам дар рӯзҳои корӣ, ҳам дар рӯзҳои истироҳат дар паҳлӯи муштариёни худ будан мехоҳем. Бинобар ин, дар рӯзи истироҳат якҷоя бо роҳбарияти “Кӯли Душанбе” мо барномаи боздидро аз боғи обӣ боз ҳам рангинтару ҷолибтар намудем. Трафики ройгон ва туҳфаҳои дигар доир ба вохӯрии мо хотираи хуб хоҳанд гузошт!” – изҳор дошт директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Ҳангоми талош барои туҳфаҳо меҳмонони маҷмааи обӣ имкон доштанд донишҳои худро дар соҳаи алоқаи мобилӣ ва истеъдоду қобилиятҳои варзишии худро нишон диҳанд. Бахусус, дар баробари шиноварӣ аз рӯйи суръат ё ҷасорат онҳо аз квести ҷолиб гузаштанд: ба иштирокчиёни яке аз озмунҳо зарур меомад, ки аз теппаи баландтарини обӣ ба поён ғелида фароянд. Ба сифати туҳфаҳо сертификатҳо барои дилхушиҳои обӣ аз “Кӯли Душанбе”, ва албатта, хизматрасониҳои алоқа – 1 000, 2 000 ва ҳатто 10 000 Мб трафики интернети мобилӣ тақдим карда мешуданд. Ин ба нафарони ба “Мавҷи сабз” ҳамроҳгардида имкон медод, ки ба Шабакаи ҷаҳонӣ тариқи смартфонҳо ройгон ворид шаванд.

IMG_20200822_151637.jpg


© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред