Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон интернети босуръатро дар Қалъаи Хумб роҳандозӣ намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва MMS
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон интернети босуръатро дар Қалъаи Хумб роҳандозӣ намуд

27 Августа 2020

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ инкишофи шабакаи 4G-ро дар ВМКБ идома медиҳад. Интернети босуръати мобилии насли чорум ба сокинони маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз – деҳаи Қалъаи Хумб дастрас гардид.

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ инкишофи шабакаи 4G-ро дар ВМКБ идома медиҳад. Интернети босуръати мобилии насли чорум ба сокинони маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз – деҳаи Қалъаи Хумб дастрас гардид.

Қалъаи Хумб баъди шаҳри Хоруғ дуюмин нуқтаи аҳолинишини ВМКБ мебошад, ки дар он МегаФон Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии 4G-ро ба кор даровард. Ба шарофати ин иқдом 1 600 сокини деҳа акнун интернетро бо суръати миёнаи 10-15 Мбит дар як сония истифода карда метавонанд, ки ин аз нишондиҳандаҳои шабакаи муқаррарии 3G баландтар аст. Бо суръатҳои 4G боргирии филмҳо, гӯшкунии мусиқӣ, истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ниҳоят қулай аст.

“Айни замон дар минтақаи мо лоиҳаи бузурги инвеститсионӣ амалӣ мегардад. Дар натиҷаи он дар ҳамаи марказҳои маъмурии ВМКБ интернети босуръати мобилии 4G дастрас хоҳад шуд. Таъмини дастрасии устувор дар шароитҳои баландкӯҳи Помир мушкил аст, лекин бо вуҷуди ин, мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, ки дар чунин маҳал муштариён аз хизматрасониҳои муосири рақамӣ бархӯрдор бошанд”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим САДОНШОЕВ.

fdb90306a6c893868edcce3b4b692c1a.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред