Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон дар Исфара шабакаи 4G-ро роҳандозӣ намудааст
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон дар Исфара шабакаи 4G-ро роҳандозӣ намудааст

9 Июня 2020

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд шабакаи дараҷаи 4G ширкати МегаФон Тоҷикистон ба кор даромад. Беш аз 50 000 сокинони маҳаллӣ ба интернет бо суръати наздики 50 Мбит/с дастрасӣ пайдо намуданд.

Дар шаш моҳи охир ширкати МегаФон Тоҷикистон минтақаи фарогирии шабакаи 4G-ро тадриҷан васеъ гардонида, шумораи истгоҳҳои базавии стандарти мазкурро дар вилояти Суғд зиёд намудааст. Ба ғайр аз роҳандозии иншооти нави алоқа, ширкат модернизатсияи таҷҳизоти қаблан насбгардидаро анҷом додааст, ки ба туфайли ин суръати интернети мобилӣ ду маротиба афзуд. Сармоягузориҳо дар рушди инфрасохтор ва баландбардории сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ба афзоиши нуфузи интернети мобилӣ мусоидат менамоянд. Аз рӯи маълумоти ширкат, ҳаҷми трафик дар шабакаи 4G дар соли 2019 нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ тадриҷан зиёд гардид. Дар соли 2020 трафик бо суръати баланд афзуда истодааст.

«Мо доимо инфрасохтори шабакаи насли чорумро рушд медиҳем, то ин ки мизоҷони мо аз тамоми имкониятҳои “ҷаҳони рақамӣ”-и муосир баҳравар шаванд. Ба туфайли мувофиқати суръатҳои баланди интернети мобилӣ бо бастаҳои нав, тарофаҳои силсилаи «Биё!» ба пешниҳоди муфид дар бозори телекоммуникатсионии кишвар табдил меёбанд», – шарҳ медиҳад Директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.

Технологияи 4G барои ирсол ва қабули файлҳои «қалонҳаҷм» бо андозаи 1 Гб ва зиёдтар, тамошои видео бо сифати FullHD бидуни интизории кушодашавӣ , истифодаи интернет-браузер бо миқдори зиёди замимаҳо бе интизории кушода шудани саҳифаҳо, боргирии файлҳои аудио ва видеоӣ, тақсимоти Wi-Fi ба якчанд дастгоҳ, иштироки қулай дар бозиҳои онлайн имконият медиҳад. Бо истифодаи имкониятҳои интернети босуръат, МегаФон Тоҷикистон ба муштариёни рақамии худ чунин хизматрасониҳоро, ба монанди «Арбуз.ТВ», «MegaKids» ва «MegaMovie», пешниҳод менамояд. Муштариёни МегаФон Тоҷикистон метавонанд дар смартфонҳояшон филмҳои ҷолибро тамошо карда, ба портали кӯдакона ё онлайн-телевизион бо трафики бемаҳдуд дастрасӣ дошта бошанд. Муфассалтар дар сомонаи ширкат – www.megafon.tj
Скорость начинается с тебя.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред