Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Дурахши ситораҳо: дар Суғд мусобиқаҳои футболи кӯдакона доир гардиданд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Дурахши ситораҳо: дар Суғд мусобиқаҳои футболи кӯдакона доир гардиданд

13 Июня 2025

Дар Хуҷанд ва Истаравшан мусобиқаҳои футболи кӯдакона таҳти унвони “МегаФон Life бо сабки футбол” доир гардиданд. Мусобиқаҳое, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” якҷоя бо Лигаи футболи кӯдакону наврасон ташкил карда шуданд, тамоми минтақаҳои кишварро фаро гирифта, дар рушди истеъдодҳои ҷавони варзишӣ кӯмак менамоянд. 

Садҳо мактаббачаҳои синну солашон аз 8 то 12-сола, ки муассисаҳои таълимӣ, гурӯҳҳои варзишӣ ва дастаҳои кӯчагиро муаррифӣ мекарданд, ба майдонҳои футболи вилояти Суғд баромаданд. Барои кӯдакон ин имконияти на танҳо нишон додани қобилиятҳои худ ба ҳисоб мерафт: доварии касбӣ, тамошобинони сершумор, дастгирии мухлисон ва иштироки меҳмонони боиззат фазои ҷашни бузурги варзиширо ташкил намуданд. Ҳамаи ин, бешубҳа, як умр дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд. 

“Бо ҳар мусобиқаи навбатӣ мо боварӣ ҳосил мекунем, ки дар Суғд ҷавонони боистеъдод ба воя мерасанд. Мусобиқаҳо ба кӯдакон имкон медиҳанд, ки иқтидори худро кушоянд, интизом, кори даставиро омӯзанд, бовариро ба нерӯи худ эҳсос намоянд. Мо ифтихор аз он дорем, ки дар тарбияи ситораҳои ояндаи футболи тоҷик саҳми худро мегузорем”, - қайд намуд Раҳматҷон Раҳматов, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд. 

Дар наздикии майдончаҳои варзишӣ барои иштирокчиён ва меҳмонони мусобиқаҳо гӯшаҳои махсуси ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкил гардида буданд. Дар ин ҷой варзишгарону мухлисонро бозиву озмунҳо бо туҳфаҳои гуворо – аз 1 000 Мб трафики интернет то рақамҳои мақомноки “тиллоӣ” мунтазир буданд. Кормандони ширкат инчунин доир ба вазифаҳои замимаи мобилии “МегаФон Life”, ки дар ҳалли бисёр масъалаҳои рӯзмарра – масалан, фаромоиши маҳсулот ба хона ва харидани онлайн-чиптаҳо ба кинотеатр мусоидат менамоянд, маълумотҳо доданд. 

Мусобиқа ба Рӯзи байналмилалии футбол, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ бо ташаббуси президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муайян гардидааст, бахшида шудааст. 

Шарики мусобиқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҶСП “Яхмоси 33” мебошад, ки ташаббусҳои солими аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнокро дастгирӣ менамояд. 

“Мо мутмаинем, ки ҳар як кӯдаке, ки маззаи ғолибияти даставӣ ва хурсандии ҳаракатро эҳсос мекунад, ба худ боварии бештар ҳосил карда, худро бахтёр меҳисобад. Дастгирии варзиши кӯдакона – ин саҳм ба тансиҳатӣ, фарҳанг ва ояндаи кишвар аст. Мо хушҳолем, ки ба иштирокчиёни мусобиқаҳо каме ҳам бошад, дар шакли як таоми лазизи аз таҳти дил тайёркардашуда хурсандӣ бахшидем”, - мегӯяд директори генералии ҶСП “Яхмоси 33” Мирзоазим Муминов. 

Мусобиқаи “МегаФон Life бо сабки футбол” идома дорад. Даври ниҳоӣ дар ВМКБ, шаҳри Хоруғ доир хоҳад шуд. Дар пеш – мусобиқаҳои нави рангину ҷолиб!

1.jpg

2.jpg

3.jpg4.jpg

5.jpg

6.jpg

7.jpg

8.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред