Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Ба Ӯзбекистон – бо роуминги «ҳамсоягӣ»

15 Марта 2023

Наврӯз айёмест, ки бештари сокинони кишварамон ба Ӯзбекистон сафар мекунанд. Барои муоширати муфид, осон ва зуд ҳал кардани масоили маишӣ дар хориҷа  хизматрасонии  «Ҳамсояҳои Роумингӣ» аз оператори имкониятҳои нави рақамӣ кӯмак менамояд.  Пайваст кардани он хеле осон  аст: бояд  USSD-дархости *390*1# рақамчинӣ ва тугмаи даъват  пахш карда шавад.  Шароитҳоро меомӯзем!

Аз Душанбе то Тошканд – ҳамагӣ 50 дақиқа парвоз. Аммо муштарӣ вориди  кишвари дигар мешавад.  Ин маънои онро дорад, ки дигар тарофаҳои  роумингӣ барои алоқа фаъол мегарданд. Баҳри пешгирии  хароҷоти зиёдатӣ, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» хизматрасонии «Ҳамсояҳои Роумингӣ»-ро пешниҳод мекунад. Ҳангоми пайвасткунии он  як дақиқаи      дилхоҳ  занги воридотӣ ҳамагӣ 1,5 сомонӣ арзиш дорад. Як занги содиротӣ дар дохили Ӯзбекистон ё ба хона 3 сом/дақ. ва  як дақиқаи суҳбат бо Русия 5 сомониро ташкил медиҳад.  Ин назар ба нарххои стандартии «байналмилалӣ» барои алоқа чанд баробар камтар  аст.

Бо хизматрасонии  "Ҳамсояҳои Роумингӣ" нархи интернети мобилӣ низ хеле муфидтар аст. Ва ин ба шумо имкон медиҳад, ки суроғаҳои лозимиро дар шабака дар қаламрави Ӯзбекистон пайдо кунед, аксҳои дар майдони машҳури Регистони Самарқанд ё назди мақбараи Темур гирифташударо ба дӯстонатон фиристед. Ё ин ки агар шумо дар хона барои супоридани ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ фурсат пайдо накарда бошед,  пас метавонед ин амалро онлайн анҷом диҳед.        

Якчанд бастаҳои интернетӣ барои муштариёни рақамии МегаФон бо роуминги "ҳамсоягӣ" дастрасанд. Муҳлати амали онҳо 10 рӯз аз рӯзи фаъолкунӣ мебошад. Тафсилот дар ҷадвал:       

Номи баста

Ҳаҷми трафики интернети дастрас

Нарх

USSD-дархост барои пайвасткунӣ

«Ӯзбекистон GPRS_50»

50 Мб

13 сом

Ба таври автоматӣ ҳангоми гузаштани сарҳад пайваст мешавад. Баъдан ҳар дафъа ҳангоми истифодаи 50Мб трафик аз нав пайваст мегардад

«Ӯзбекистон GPRS_100»

100 Мб

20 сом

*254*5#

«Ӯзбекистон GPRS_200»

200 Мб

40 сом

*254*6#

Қобили  таваҷҷуҳ аст, ки ҳангоми бозгашт ба ватан ба Тоҷикистон хизматрасонии “Ҳамсояҳои Роумингӣ” бояд мустақилона хомӯш карда шавад! Барои ин USSD *390*2# -ро рақамчинӣ намоед.     

Сафари хушу хотирмонро ба Ӯзбекистон хоҳонем!

1.jpg


2.jpg
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред