Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасониҳои асосӣ
  • Занг ва идораи тамос
  • Имкониятҳои муошират
  • Маълумот ва вақтхушӣ
  • Имконияхо дар сифр
  • Идоракунии хисоб ва назорати тавозун
  • Пардохт тавассути кортҳои пластикӣ
  • Хизматрасониҳои молиявӣ
  • МегаФон Life

Почтаи овозӣ

“Почтаи овозӣ” – ин посухдеҳи худкори Шумо мебошад, ки, агар телефони Шумо ҷавоб надиҳад, хомӯш карда шудааст, машғул аст ё берун аз минтақаи фарогирии шабака қарор дорад, метавонад ба зангҳои воридотӣ посух диҳад
Котиби шахсии Шумо шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Нафарони ба Шумо занг содиркунанда метавонанд хабари овозӣ гузоранд, ки дар бораи он Шумо тавассути СМС-хабар ё занг аз “Почтаи овозӣ” огоҳ карда мешавед.

Пардохти абонентӣ: 5,10 сомонӣ

Пайвасткунии хизматрасонӣ: *123*1#

Қатъгардонии хизматрасонӣ: *123*0#

Ҳангоми пайвасткунии хизматрасонӣ даъватҳо аз як суроға ба почтаи овозӣ дар ҳолати хомӯш будани телефон ва дар сурати набудани посух ба занг ирсол карда мешаванд.

Давомнокии зиёдтарини шодбошӣ 20 сония.

Муҳлати нигоҳдории хабарҳои нав 12 моҳ.

Муҳлати нигоҳдории хабарҳои нигоҳдошташуда 12 моҳ.

Давомнокии зиёдтарини хабари воридшаванда 60 сония.

Давомнокии зиёдтарини хабари содиршуда 60 сония.

Вақти зиёдтарини умумии ҷудокардашуда барои нигоҳдории хабарҳо 20 сония.

Огоҳкунии автоматикӣ дар бораи хабарҳои воридшуда ба рақами телефонии нишондодашуда тавассути ирсоли СМС-хабар анҷом дода мешавад.

Муддати фаъолияти почтаи овозӣ аз лаҳзаи муроҷиати охирин 12 моҳ.

Барои истифодаи хизматрасонии почтаи овозӣ ба Шумо зарур меояд, ки ирсоли зангҳоро ба рақами Хадамоти почтаи овозӣ +992 907 700 300 муқаррар намоед.

Ирсоли даъватҳо метавонад ба таври зерин муқаррар карда шавад:

Даъватҳои аз як суроға ба суроғаи дигар ирсолшуда ба таври ғайришартӣ. Ҳамаи зангҳои ба рақам воридшуда ба таври автоматикӣ ба дигар телефон равона карда мешаванд.

Даъватҳои аз як суроға ба суроғаи дигар ирсолшуда дар ҳолати машғул будани хати алоқа. Занг ба дигар рақам ирсол карда мешавад, танҳо агар хати алоқаи муштарии давъатшуда машғул набошад.

Даъватҳои аз як суроға ба суроғаи дигар ирсолшуда дар сурате, ки посух дода нашуд. Занг ба рақами чидашуда дар сурати набудани посух (чун қоида, муштарӣ метавонад мустақилона вақти иҷозатдодашударо дар хати алоқа муқаррар кунад) равона карда мешавад.

Ҳангоми имкон надоштани пайвасткунӣ (агар телефони Шумо хомӯш карда шуда бошад ё берун аз минтақаи фарогирии шабака қарор дорад).

Сабти шодбошӣ.  

Шодбошӣ ба Шумо имкон медиҳад, ки почтаи овозии худро хусусӣ гардонед. Барои сабти шодбошӣ дастури интерфейси истифодабарандаи почтаи овозиро истифода кардан ва аз гуфтаҳои система пайравӣ намудан  зарур меояд. 

Муқаррар намудани рамз

 Бо исрор ба Шумо тавсия менамоем рамзи дорандаи почтаи овозиро ҳангоми нахустин маротиба ба система ворид шудан, муқаррар кунед.

Дарознокии лозимии рамз 5 адад. 

Барои муқаррар/тағйир намудани рамз дастури интерфейси истифодабарандаи почтаи овозиро истифода кардан лозим аст.

Огоҳинома

Барои таъмини маълумотнокии муштарӣ оид ба ворид шудани хабари нав ба суроғаи ӯ, хадамот СМС-хабари матниро (огоҳинома) тартиб намуда ирсол мекунад.

Рақами ирсолкунандаи СМС-хабари воридотӣ, ки онро муштарӣ мебинад - Voice_Mail.

Огоҳинома дар роуминг

Дар сурате, ки агар муштарӣ Почтаи овозиро фаъол кардааст, қатъгардонии хизматрасонӣ барои пешгирӣ кардани пардохтҳои иловагӣ тавсия карда мешавад.

 Рақамгузорӣ

Барои дастрасӣ ба системаи почтаи овозӣ якчанд рақами дастрасии “мустақим” ва “умумӣ” истифода карда мешавад. Ҳангоми дастрасии “мустақим” аз телефони мобилие, ки дар шабакаи МегаФон ба қайд гирифта шудааст, система барои Почтаи овозӣ рамз талаб накарда дар ҳол ба муштарӣ дастрасиро ба почтаи овозӣ пешниҳод мекунад.  

Ҳангоми дастрасии “умумӣ” (аз рақами бегона) барои гуш кардани хабарҳо, ки ба ПО муштарӣ ворид гардидаанд, муштарӣ бояд рақами телефон ва рамзро ворид намояд.

Рақами таъинотӣ

+992 90 7700300 Рақами дастрасӣ ба Почтаи овозӣ барои муштариёне, ки мехоҳанд хабари овозии худро бигузоранд.

Рақам барои муқаррар кардани Почтаи овозӣ

+992 90 7700600 Рақами дастрасӣ ба почтаи овозӣ барои гуш кардани хабарҳои муштариёне, ки берун аз минтақаи фарогирии шабакаи МегаФон ва дар  роуминг қарор доранд.

Барои дорандагони почтаи овозӣ, ки аз рақамҳои худ занг содир мекунанд, воридкунии рамз талаб карда намешавад.

Барои дорандагони почтаи овозӣ, ки аз рақамҳои “бегона” занг содир мекунанд, система аз муштарӣ хоҳиш мекунад, ки рақами мобилиро дар шакли ХХХХХХ ворид намояд. Баъд рамз ворид карда шавад. Қоидаҳои кор бо рамз дар боби “Муқаррар намудани рамз”.

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?