Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасониҳои асосӣ
  • Занг ва идораи тамос
  • Имкониятҳои муошират
  • Маълумот ва вақтхушӣ
  • Имконияхо дар сифр
  • Идоракунии хисоб ва назорати тавозун
  • Пардохт тавассути кортҳои пластикӣ
  • Хизматрасониҳои молиявӣ
  • МегаФон Life

Рӯйхати сиёҳ

Худро аз зангҳои нофорам бо ёрии хизматрасонии “Рӯйхати сиёҳ” муҳофизат кунед. Агар шумо қабул кардани занги баъзе рақамҳоро нахоҳед, онҳоро ба “Рӯйхати сиёҳ” дохил кунед ва ин муштариён дигар ба шумо занг содир карда наметавонанд.

Пардохти абонентӣ: 5,10 сомонӣ

*136# маълумот дар бораи мақоми хизматрасонӣ ;
*136*1*рақами муштарӣ# ворид кардани 1-ум рақам ба “Рӯйхати сиёҳ”;
*136*0* рақами муштарӣ # хориҷ кардани рақам аз “Рӯйхати сиёҳ”;
*136*00# хориҷ кардани ҳамаи рақамҳо аз “Рӯйхати сиёҳ” ва хомӯш кардани хизматрасонӣ;
*136*2# ё ирсоли SMS бо матни 2 ба рақами 136 дидани рақамҳо дар “Рӯйхати сиёҳ”.
  • Ворид кардани рақамҳо ба “Рӯйхати сиёҳ” тавассути илова кардани ҳар як рақам дар алоҳидагӣ анҷом дода мешавад;
  • Рақами муштарӣ ба “Рӯйхати сиёҳ” дар шакли муайян ворид карда мешавад: рамзи шабакаи оператор баъд рақами муштарӣ нишон дода мешавад;
  • Мисоли воридкунии рақам ба рӯйхати сиёҳ: *136*1*907700500#
  • Миқдори зиёдтарини рақамҳои воридшуда ба рӯйхати сиёҳ 10 (даҳ) ададро ташкил медиҳад;
  • Агар муштарии “А” муштарии “Б”-ро ба рӯйхати сиёҳ дохил намояд, дар чунин ҳолат ҳангоми занги содиротӣ ба муштарии “А”, муштарии “Б” ибораи стандартиро аз посухдеҳи худкор дар бораи дастрас набудани муштарии даъватшуда (Маҳдудияти алоқа муқаррар карда шудааст) мешунавад. Дар баробари ин ба муштарии “А” огоҳнома ирсол карда намешавад.
  • Хизматрасонӣ танҳо ба даъватҳои воридотӣ амал мекунад (ба SMS, MMS ва ғ. хизматрасонӣ амал намекунад ).
  • Муҳлати амали хизматрасонии “Рӯйхати сиёҳ” ба як моҳ аз лаҳзаи пайвасткунии баста бо шарти Сана ба Сана новобаста аз санаи пайвасткунӣ, баробар карда шудааст.
  • Дар хотимаи моҳи якум, хизматрасонии “Рӯйхати сиёҳ” пайвасткунии иловагиро талаб накарда бо мавҷуд будани маблағи кофӣ дар суратҳисоб барои ситонидани пардохти абонентӣ тибқи арзиши хизматрасонӣ ба таври автоматикӣ тамдид карда мешавад.
  • Дар сурате, ки дар лаҳзаи гирифтани пардохти абонентӣ, тавозуни ҳисоб барои гирифтани пардохти абонентӣ дар ҳаҷми пурра тибқи арзиши хизматрасонӣ нокифоя бошад, пешниҳоди хизматрасонии “Рӯйхати сиёҳ” то лаҳзаи пуркунии ҳисоб муваққатан боз дошта мешавад. Дар ин ҳол санаи оғози давраи ҳисоботӣ барои ситонидани пардохти абонентӣ ба санаи нав иваз карда мешавад, яъне дар лаҳзаи пуркунии тавозуни ҳисоб ва барқароркунии пешниҳоди хизматрасонии “Рӯйхати сиёҳ”. Ситонидани маблағ барои пардохти абонентӣ дар лаҳзаи пайвастшавии хизматрасонии “Рӯйхати сиёҳ” (баъд аз пуркунии тавозуни ҳисоби муштарӣ) анҷом дода мешавад.
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?