Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасониҳои асосӣ
  • Занг ва идораи тамос
  • Имкониятҳои муошират
  • Маълумот ва вақтхушӣ
  • Имконияхо дар сифр
  • Идоракунии хисоб ва назорати тавозун
  • Пардохт тавассути кортҳои пластикӣ
  • Хизматрасониҳои молиявӣ
  • МегаФон Life

Казкоммерcбонк Тоҷикистон

Муштариёни Ширкати МегаФон хизматрасониҳои алоқаи мобилиро бо кортҳои пластикӣ тавассути банкоматҳо ва Интернет/SMS-банкинг бе комиссия метавонанд пардохт кунанд!

Пурракунии тавозуни “МегаФон” тавассути портали молиявии www.homebank.tj ва банкоматҳои “Казкоммерсбонк Тоҷикистон”

Муштариёни Ширкати “МегаФон” хизматрасониҳои алоқаи мобилиро бо кортҳои пластикии ҶСП “Казкоммерсбонк Тоҷикистон” тавассути системаи www.homebank.tj бе комиссия метавонанд пардохт кунанд. Барои ин танҳо компютер, ки ба Интернет пайваст карда шудааст ва корти пардохтии VISA аз ҶСП “Казкоммерсбонк Тоҷикистон” лозиманд.

Дар банкоматҳои “Казкоммерсбонк Тоҷикистон” истиноди нав дар банди “Пардохтҳо” илова карда шудааст, ки ҳангоми ба он гузаштан хизматрасониҳои алоқаи мобилии “МегаФон”-ро дар реҷаи вақти воқеӣ пурра намудан мумкин аст.

Маълумоти муфассалро метавон бо телефони (44) 601–40–48 дарёфт кард.

Чӣ тавр истифода кардани хизматрасонӣ?

Барои истифодаи хизматрасонӣ дар портали молиявии www.homebank.tj зарур аст:

Фаъол кардани хизматрасонии пурракунии алоқаи мобилии “МегаФон” дар портали молиявии www.homebank.tj тавассути опсияи бақайдгирии мустақилонаи хизматрасонӣ, гузаштани тартиби бақайдгирӣ ё обунашавӣ ба хизматрасонии пурракунии “МегаФон” тариқи занг ба Маркази тамоси “Казкоммерсбонк”:

1. Занг задан ба Маркази тамоси “Казкоммерсбонк” ба рақамҳои (44) 601–40–48 или (44) 620–40–40

2. Баъди посухи автоинформатор рақами мушаххаси (рақами ID) худ ва 4 шумораи рамзро, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар портали www.homebank.tj дода шуда буд, ворид намуда посухи операторро интизор шавед;

3. Баъд аз посухи оператор ба ӯ рақами ID худ, калимаи рамзӣ, 4 шумораи рақами корт ва рақам/рақамҳои “МегаФон”, ки минбаъд ба онҳо маблағ интиқол менамоед хабар дода, тасдиқи операторро оиди воридкунии рақам/рақамҳо интизор шудан лозим аст.

Барои пурракунии рақами алоқаи мобилии “МегаФон” зарур аст:

1. Ба портали молиявии Homebank (www.homebank.tj) ворид шуда рақами ID ва рамзро ворид кунед.

2. Ба қисми “Хизматрасониҳо” гузашта банди Пардохти хизматрасониҳои “МегаФон”-ро интихоб намоед (агар хизматрасониро дида нашавад, онро фаъол кардан лозим нигю ба банди А).

3.Аз рӯйхат рақами телефоне, ки маблағро ба он мехоҳед интиқол кунед, интихоб намоед, маблағи пардохтро ҷорӣ намуда тугмаи “Далее”-ро пахш намоед.

4. Ба дурустии маълумотҳои ҷоришуда бовар ҳосил намуда тугмаи “Оплатить”-ро пахш намоед.

5. Аз суратҳисоби кортии Шумо маблағи интиқол ситонида шуда баъд аз якчанд муддат ба телефон смс-огоҳинома оид ба пуррашавии тавозуни рақам ворид мегардад.

Маълумотро дар бораи пардохтҳо дар қисми “Хизматрасониҳо” => “Бойгонии пардохтҳо” метавон дида баромад ва бо пахш намудани рақами пардохт, ҷузъиётро (Сана, Қабулкунанда, Рамзи транзаксия, Рақами муштарӣ ва ғ.) аз назар гузаронидан.

Эзоҳ::

1. Маблағи камтарини маблағ – 5 сомонӣ

2. Комиссия аз Муштарӣ ситонида намешавад

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?