Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасониҳои асосӣ
  • Занг ва идораи тамос
  • Имкониятҳои муошират
  • Маълумот ва вақтхушӣ
  • Имконияхо дар сифр
  • Идоракунии хисоб ва назорати тавозун
  • Пардохт тавассути кортҳои пластикӣ
  • Хизматрасониҳои молиявӣ
  • МегаФон Life

SIM-портал

SIM-портал — ин як ҷаҳон вақтхушиҳо, маълумотҳо ва муошират дар телефони Шумо.

SIM-портал – ин каталоги оддӣ ва қулай барои хизматгузориҳои маълумотӣ-вақтхушӣ, ки дар менюи телефони Шумо ҷойгир карда шудааст.

SIM-портал - ба осонӣ ва зудӣ дар бораи обу ҳаво, навигариҳо дар ҷаҳон ва Тоҷикистон, ахбори варзиш, ахбори молия, боргирии оҳанг ё сурат, шиносшавӣ ва фаҳмидани дигар чизҳоро имкон медиҳад. Истифодаи SIM-портал осон аст! Қисми маъқулкардаи худро интихоб намуда баъд аз якчанд сония Шумо маълумоти лозимиро дарёфт мекунед.

Навигатсияи SIM-портал ройгон аст, танҳо дархости ниҳоии маълумотҳо пардохт карда мешавад. Ҳангоми дар роуминг қарор доштан, ҷойивазкунӣ дар SIM-портал тибқи арзиши СМС-хабарҳо дар роуминг пардохт карда мешавад, қабули маълумоти ниҳоӣ ё контент ҳамчунон дар шабакаи маҳаллӣ нархгузорӣ карда мешавад.

SIM-порталро пайваст кардан лозим аст ва он дар куҷо қарор дорад?

SIM-портал ба ҳама истифодабарандагони шабакаи МегаФон пайваст карда шудааст, ки СИМ-кортҳои дорои STK мебошанд ва пайвасткунии иловагӣ зарур нест. Ошкор намудани он, ки СИМ-корти Шумо дорои STK мебошад - осон аст. Ба Шумо кифоя аст ба менюи телефони худ ворид шуда мавҷуд будани қисми менюи “MegaFonPRO” тафтиш кунед. Агар чунин қисм мавҷуд бошад – ин маънои онро дорад, ки СИМ-корти Шумо дорои SIM-портал мебошад.

Ман дилхоҳ қисмро дар SIM-портал интихоб менамоям, баъд таҳвили маълумотҳо оғоз шуда боз менюи асосӣ пайдо мешавад. Ин чист?

Ин ҷараёни дархости маълумоти зарурии телефони Шумо аз сервери SIM-портал мебошад. Баъд аз ирсоли дархост ба сервер, телефони Шумо муваққатан ба менюи пешина баргашта гирифтани саҳифаи нави порталро интизор мешавад. Дар мавриди интизорӣ ва то гирифтани посух, лутфан, ба дигар қисмҳо ва сервисҳои портал нагузаред, чунки ин дархостро бекор мекунад.

Чӣ қадар вақт барои посухи дархости ирсолшуда интизор шудан лозим аст?

Вақти интизории посух ба дархост аз 5 то 30 сонияро ташкил медиҳад. Баъзан, дар лаҳзаи сарбории зиёди шабака, интизорӣ ба якчанд дақиқа мерасад.

Дар кадом тамғаҳои телефон SIM-портал фаъолият мекунад?

SIM-портал бо ҳама тамғаҳои телефон, ки дорои функсияи СМС мебошанд, мутобиқ мебошад. Дар бораи он, ки телефони Шумо функсияи СМС дорад ё не, аз дастури истифодабарии телефони Шумо фаҳмидан мумкин аст.

Ҷойивазкунӣ дар менюи SIM-портал пардохт карда мешавад?

Ҷойивазкунӣ дар SIM-портал ройгон аст. Аз тарафи Шумо танҳо дархости ниҳоии маълумот пардохт карда мешавад. Ҳангоми дар роуминг қарор доштан, ҷойивазкунӣ дар SIM-портал тибқи арзиши СМС-хабарҳо дар роуминг пардохт карда мешавад, қабули маълумоти ниҳоӣ ё контент ҳамчунон дар шабакаи маҳаллӣ нархгузорӣ карда мешавад.

Навигатсия дар SIM-портал ройгон аст, танҳо дархости ниҳоӣ пардохт карда мешавад.

МегаФон Ройгон
Оҳангҳо ва расмҳо 3,30 сомонӣ
Пешгӯӣ, Афиша, Шӯхиҳо, Бозиҳо, Хит-парад, Тостҳо, Ресептҳо, Варзиш, Ахбор, Молия 1,40 сомонӣ
Маълумот 1,00 сомонӣ
Муошират 70 дирам

Нақша

Шарҳ

Roaming

Обунаи ҷорӣ
Танзим

МегаФон

Тавозун
Пардохт
Танзим (GPRS/MMS)

Ҳамаи танзимот
Танзимоти WAP
Танзимоти MMS

Хизматрасониҳои МегаФон

Идораҳои МегаФон Тоҷикистон
Call Center
Даъватҳои таъҷилӣ

Дар боби “Роуминг” муштарӣ метавонад обунаро тағйир диҳад ё забони менюро дигар кунад.
Дар боби “МегаФон” муштарӣ метавонад бақияи ҳисоби шахсии худро санҷад, ҳисоби шахсиро пурра кунад, танзимоти автоматикии WAP/MMS-ро дарёфт намояд. Боби Хизматрасониҳои МегаФон донистани ҷойгиршавии ИХ/ТХ ва реҷаи фаъолияти онҳо, занг здан ба Хадамоти маълумотӣ ва ё даъват намудани хадамоти таъҷилиро имкон медиҳад.
Ҳамаи дархостҳо дар ин боб ройгон мебошанд.

Вақтхушӣ

Оҳангҳо
Расмҳо

Дар боби “Вақтхушӣ” муштарӣ метавонад оҳангҳои дӯстдошта (рингтонҳо, реалтонҳо), расмҳои рангорангро боргирӣ кунад.
Арзиши дархост аз боби “Вақтхушӣ” (Оҳангҳо, Расмҳо) – 3,30 сомонӣ

Пешгӯйӣ

Толеънома
Дигар
Биоритмҳо

Эълоннома

Кино
Клубҳо
Консертҳо
Варзиш
Театр

Ҳазлу шӯхӣ

Латифаҳо
Панду ҳикмат
Дигар

Бозиҳо

Викторинаҳо
Игромания
Классикӣ
Истифодаи ҳамаҷониба
Боҷидду ҷаҳд
Тестҳо

Хит-парад
Тостҳо
Дастурҳо

 
Варзиш

Ахбор
Натиҷаҳо
Мушоҳида
Обунаҳо

Ахбор

Дар Тоҷикистон
Дар ҷаҳон
Hi – Tech 
Авто
Обунаҳо
Дигар

Молия

Ахбор
Қурби асъор дар санаи ҷорӣ
Қурби асъор
Нархгузорӣ
Обунаҳо
Дигар

Дар боби “Пешгӯйӣ” толеъномаи худ, толеъномаи наздикон, аз ҷумла толеъномаҳои аслӣ, шарқӣ, маслиҳатҳои ахтарӣ, сеҳри ахтарон, сирри ном, пешгӯйӣ аз Пифагор, фолбинӣ, ҳамчунин биоритми худ ё биоритми наздикони худро метавон фаҳмид.

Дар боби “Эълоннома” муштарӣ дар бораи эълонҳои синамо, клубҳо ва консертҳо, варзиш, инчунин эълонҳои намоишҳои театриро метавонад хабардор шавад.

Дар боби “Ҳазлу шӯхӣ” муштарӣ метавонад “Латифа”-и рӯз, латифаҳо дар бораи аскарӣ, дар олами ҳайвонот, ҳазлу шӯхии ғамангез, беҳтаринро хонад. “Панду ҳикматҳо”-и ватанӣ, хориҷӣ, ҳикмати халқ, дар бораи ишқ, дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ, эълонҳои ҳаҷвӣ, бозиҳоро мутолиа намояд, дар боби “Дигар” ба шӯхиҳои ситораҳо, қиссаҳои хандаовар хушҳолӣ кунад.

Дар боби “Бозиҳо” муштарӣ метавонад дар викторинаҳо дар бораи ситораҳо, варзиш, донишмандон, сурудро ёфтан, иштирок намояд. Дар “Игромания” дар бозиҳои ҷанговарӣ, ҷанги баҳрӣ, квест, муҳорибаҳои беқоида, бовар дорам бовар надорам иштирок варзад.

Дар зерфасли “Хит-парад” муштариён метавонанд дар радиои “Азия плюс” бо хит-парад шинос шаванд.

Дар боби “Тостҳо” метавонанд тостҳоро барои Дӯстон, Занон, Мардон, Ишқ, Оилавӣ, Ҷашнӣ ва ғ. хонанд.

Дар зерфасли “Дастурҳо” метавонанд Даструҳои хӯрокпазӣ, Фен Шуй, Фитнес-дастурҳоро ёд гиранд.

Дар боби “Варзиш” муштарӣ метавонад ахбори охирини варзишӣ, натиҷаҳои варзишӣ - Футбол, Хоккей, Теннис, Формула 1, Мушоҳидаҳои варзиширо хабардор шавад. Ба Ахбори варзишӣ, натиҷаҳо ё мушоҳидаҳои варзишӣ обуна шавад

Дар боби “Ахбор” муштарӣ метавонад бо ахбори Тоҷикистон, Ҷаҳон, Hi-Tech (навгониҳои техникӣ), Нақлиётӣ шинос шавад. Ба ахбори “Дар ҷаҳон”, “Авто” ё Hi-Tech (барои як ҳафта) обуна шавад. Дар зерфасли “Дигар” дохил мешаванд: Синамо, Китобҳо ва Тенденсияҳо дар мӯд

Дар боби “Молияҳо” ахбори охирини молиявӣ, қурби асъор (USD, Euro, фунт, тенге, юан, сом қазоқӣ, суми узбекӣ, рубли русӣ), нархгузории биржавиро фаҳмидан мумкин аст. Ба қурби асъор ё ахбор обуна шудан. Дар “Дигар” индекси пахта дар биржаи байналмилалӣ дохил мешавад.

Арзиши дархост дар бобҳои “Вақтхушӣ” (Пешгӯйӣ, Эълонномаҳо, Ҳазлу шухӣ, Бозиҳо, Хит-парад, Тостҳо, Дастурҳо), “Варзиш”, “Ахбор”, “Молия”- 1,40 сомонӣ.

Маълумотнома

Телевизион
Обу ҳаво
Луғат
Дигар

Дар боби “Маълумотнома” муштарӣ метавонад барномаҳои телевизион аз каналҳои Сафина, Шабакаи Якум, Суғд, Азия (ш.Хуҷанд), Обу ҳаво барои шаҳрҳои Тоҷикистонро бифаҳмад. Аз Луғатҳои – Тафсирӣ, Орфографӣ, Англисӣ-Русӣ истифода барад. Дар боби “Дигар” дохил мешаванд: Игротека, Бозиҳо дар ҳавои кушод, дар дохили бино (корпоративӣ). Ба пайвандон, дӯстон, аз рӯйи аломатҳои бурҷи дувоздаҳгона ва ғ. чӣ ҳадя кардан. Накҳатҳое, ки ба ҳар нафар аз рӯйи аломатҳои бурҷи дувоздаҳгона, ранги мӯй мувофиқанд, маслиҳатҳо. Анимэ – ин персонажҳои мултфилмҳои ҷопонӣ. Шпаргалкаҳо – барои хонандаҳои мактаб ва довталабон – аз рӯйи ҳар як предмет. Сару либос – интихоби либос барои мард ва зан.

Арзиши дархост дар боби “Маълумотнома” – 1,00 сомонӣ.

Муошират

Шиносоӣ
Чат 
Дигар

Дар боби “Муошират” муштариён имконият доранд, ки шиносоӣ кунанд, анкетаи худро ирсол намоянд, дигар анкетаҳоро хонанд, ва ғ. Чат – дар коркард мебошад.
Ба боби “Дигар” дохил мешавад: СМС хабарҳо – СМС – расмҳо барои Зодрӯз, Изҳори ошиқӣ, Шеърҳои ошиқӣ ва ҳаҷвӣ. Барои ҷашнҳо – Соли нав, 14 феврал, 23 феврал, 8 март.

Арзиши дархост дар боби “Муошират” – 70 сомонӣ.

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?