Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасониҳои асосӣ
  • Занг ва идораи тамос
  • Имкониятҳои муошират
  • Маълумот ва вақтхушӣ
  • Имконияхо дар сифр
  • Идоракунии хисоб ва назорати тавозун
  • Пардохт тавассути кортҳои пластикӣ
  • Хизматрасониҳои молиявӣ
  • МегаФон Life

Навигатор

Бо ёрии хизматрасонии “Навигатор” шумо метавонед дар куҷо будани хешу табор ва рафиқонро дар вақти дилхоҳ бифаҳмед, ва координатҳои онҳоро дар харитаи электронии Тоҷикистон – дар ҳама ҷо, ки онҷо шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” амал мекунад, бубинед.

“Навигатор” ба шумо кумак медиҳад, ки макони ҷойгиршавии муштариёни “МегаФон Тоҷикистон”-ро муайян намоед, барои ин танҳо гирифтани розигии онҳо барои ҷустуҷӯ лозим аст.

Шартҳои асосӣ

Барои шахсони воқеӣ

  • Барои пардохти ҳаррӯзаи абонентӣ шумо метавонед 2 рақами муштарии ҷусташавандаро ба рӯйхати шахсии худ илова намуда то 15 дархости ҷустуҷӯиро дар як рӯз анҷом диҳед.
  • Координатҳои муштарии шабакаи “МегаФон Тоҷикистон”-ро шумо метавонед баъд аз гирифтани розигӣ аз муштарии ҷусташаванда, дарҳол муайян намоед. Барои пешниҳоди дастрасӣ ба муайянкунии макони ҷойгиршавии худ, муштарии ҷусташаванда бояд ба хабари воридотӣ аз рақами кӯтоҳи “2500” посухи “ҲА” бидиҳад.
  • Ҳамагӣ 20 рақами ҷусташавандаро шумо метавонед ба рӯйхати шахсии худ илова намоед, барои рақамҳои берун аз меъёр ба рӯйхати шахсӣ иловашуда пардохти абонентӣ ҳар рӯз ситонида мешавад.
  • Шумо метавонед то 15 дархостро барои муайянкунии макони ҷойгиршавии муштариён аз рӯйхати шахсӣ дар доираи пардохти ҳаррӯзаи абонентӣ барои хизматрасонӣ, дар як рӯз ирсол намоед. Шумо боз 15 дархости ҷустуҷӯиро, ки дар доираи рӯзи ҷорӣ барои истифодабарӣ дастрас мебошанд, бо пардохти иловагӣ метавонед дарёфт намоед.
Шартҳои асосӣ

Хизматрасонии “Навигатор” дар асоси маълумотҳои дарёфтшуда аз пойгоҳҳои алоқаи мобилӣ макони ҷойгиршавии муштариёнро муайян мекунад. Ҳангоми ҷойивазкунии дастгоҳи мобилӣ, вай дар минтақаи амали пойгоҳи базавии наздиктарин ба қайд гирифта мешавад, ки имкон медиҳад координатҳои онро аниқтар муайян намоӣ.

Муайянкунии аниқи координатҳо ташкил медиҳад:

Аз 50 метр — дар маркази шаҳр;

Тақрибан 500 метр — дар маҳалҳои дурдасти шаҳр;

Дар маҳалҳои аҳолидор метавонад ба якчанд километр расад.

Барои идоракунии хизматрасонӣ:

  • Рақамчинӣ намудани USSD-фармони *250#
  • USSD-дархости мустақими *250*992XXXXXXXXX# (ки онҷо 992XXXXXXXXX рақами муштарии ҷусташавандаи шабакаи “МегаФон Тоҷикистон”)
  • Барои қатъ намудани дархост барои муайянкунии макони ҷойгиршавии шумо ба дигар муштариён, *250*0#-ро рақамчинӣ кунед

Барои идоракунии хизматрасонӣ:

  • Рақамчинӣ намудани USSD-фармони *250#
  • USSD-дархости мустақими *250*992XXXXXXXXX# (ки онҷо 992XXXXXXXXX рақами муштарии ҷусташавандаи шабакаи “МегаФон Тоҷикистон”)
  • Барои қатъ намудани дархост барои муайянкунии макони ҷойгиршавии шумо ба дигар муштариён, *250*0#-ро рақамчинӣ кунед
  • Барои қатъ намудани хизматрасонӣ *250*00#-ро рақамчинӣ кунед

*Дар сурати аз обунаи хизматрасонии Навигатор баромадан, рӯйхати рақамҳои ҷусташавандаи Шумо хориҷ карда мешавад.

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?