Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасониҳои асосӣ
  • Занг ва идораи тамос
  • Имкониятҳои муошират
  • Маълумот ва вақтхушӣ
  • Имконияхо дар сифр
  • Идоракунии хисоб ва назорати тавозун
  • Пардохт тавассути кортҳои пластикӣ
  • Хизматрасониҳои молиявӣ
  • МегаФон Life

Занги видеоӣ

Общайтесь с друзьями и родными лицом к лицу, в режиме реального времени!

Наметавонед дар мағоза маҳсулоти лозимиро интихоб намоед ва ба маслиҳат ниёз доред? Мехоҳед ба шарики тиҷоратӣ иншооти дурдастро намоиш диҳед? Хурсандиро аз табассуми нахустини фарзанди худ бо наздикон дидан мехоҳед? Дар ҳамаи ин ҳолатҳо занг видеоӣ басо ба маврид аст!

Хизматрасонӣ ба ҳамаи муштариёни шабакаи МегаФон дар минтақаи фарогирии шабакаи 3G дастрас мебошад, агар телефони Шумо ва телефони муштарии даъваткардаи Шумо дорои стандарти UMTS бошад, Занги видеоиро ба операторони алоқаи мобилии ҶТ (MегаФон, Tcell, Babilon-M, Билайн) ва ба операторони алоқаи мобилии Федератсияи Россия (МегаФон, МТС, Билайн ва ба дигар операторони алоқаи мобилии ФР) содир кардан мумкин аст.

Зангҳои видеоӣ дар ҳудуди ҶТ:
Ба ҳама самтҳо тибқи нархномаи шумо нархгузорӣ карда мешавад.

Зангҳои видеоӣ ба ФР: Арзиши зангҳои видеоӣ ба ҳама операторони Россия ((+ ё #810 рамзи шабака ва рақами муштарӣ) = 67 дирам барои 1 дақиқа (бо назардошти ҳамаи андозҳо)

Хизматрасонии “Зангҳои видеоӣ” пайвастшавиро талаб намекунад ва ба таври автоматикӣ ба ҳама муштариёни шабакаи “МегаФон” дастрас мебошад.


Барои занги видеоии муваффақ лозим аст, ки Шумо ва ҳамсуҳбати Шумо дар минтақаи фарогирии шабакаи 3G қарор гирифта дар телефонҳои шумо реҷаи 3G ё реҷаи дугона интихоб карда шуда бошад (дар экрани телефон нишонии “3G” намудор бояд бошад);

Телефонҳои Шумо ва ҳамсуҳбати Шумо дорои алоқаи видеоӣ бошанд (ҳангоми чидани рақам дастгоҳ барои интихоб “даъвати овозӣ” ё “видео даъват”- ро пешниҳод мекунад);

Шумо ва ҳамсуҳбати Шумо дар минтақаи фарогирии шабакаи дохилӣ қарор доштед, яъне дар ҳамон минтақае, ки шартномаро оид ба пешниҳоди хизматрасонии алоқаи мобилӣ ба имзо расонидаед.

Чӣ гуна аз алоқаи видеоӣ истифода намуд?

Ҳангоми ҷидани рақам, телефони дорои 3G намуди даъватро интихоб мекунад: “даъвати овозӣ” ё “видео даъват”. Муштарии даъватшуда ҳамчунин метавонад интихоб намояд: занги видеоии шуморо бо намоиши видео ё бе он аз ҷониби худ қабул кунад (яъне ӯ шуморо мебинад, шумо бошад ӯро намебинед). Дар ҳама ҳолат таҳвили наворро қабул накардан ё барқарор кардан мумкин аст.

Видеокамераи телефон дар рафти занги видеоӣ бояд ба самти шумо равона карда шуда бошад. Суҳбати қулайро бо тағйир додани реҷаи телефон ба алоқаи овозӣ ё бо ёрии лавозимоти шунавоӣ гузаронидан мумкин аст.

Имкониятҳои иловагии телефонҳо дар рафти занги видеоӣ ба ивази навори тасвири шумо муқаррар кардани расми статикӣ (сурат, стоп-кадр), ҳангоми занг қатъ кардани навори видео ё овоз, истифода кардани камераи фронталӣ ё асосиро фароҳам мекунанд. Агар телефони шумо 3G (UMTS) ва амали алоқаи видоеиро доро буда бо камераи фронталӣ таҷҳизонида нашудааст, ҳангоми занги видеоӣ шумо метавонед ба ҳамсуҳбат нишон диҳед, ки чиро ҳамон лаҳза мебинед.

Ҳангоми занги видеоӣ хизматрасонии “Нигоҳдории даъват” нигоҳ дошта мешавад: ҳангоми воридшавии занги дуюм шумо метавонед ба он ё посух диҳед (дар он ҳолат занги видеоӣ канда мешавад) ё рад намоед. Хусусиятҳои дигари кор бо амали даъвати видеоиро метавон дар дастури дастгоҳи мобилии худ муайян кард.


Ҳангоми содир кардани занги видеоӣ ба рақами муштарие, ки телефони мобилии ӯ стандарти UMTS –ро доро нест, пайвастшавӣ муқаррар карда намешавад.

Хусуситҳои кор бо амали “Даъвати видеоӣ”-ро метавон дар дастури дастгоҳи мобилии худ дарёфт намуд.

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?