Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасониҳои асосӣ
  • Занг ва идораи тамос
  • Имкониятҳои муошират
  • Маълумот ва вақтхушӣ
  • Имконияхо дар сифр
  • Идоракунии хисоб ва назорати тавозун
  • Пардохт тавассути кортҳои пластикӣ
  • Хизматрасониҳои молиявӣ
  • МегаФон Life

Интиқоли мобилӣ (USSD-маблағ)

Хизматрасонии USSD-маблағ – ин интиқоли маблағҳо байни суратҳисобҳои муштариён, ки усули оддӣ ва қулайро ба як муштарие, ки тавозуни муштарии дигарро тавассути рақамчинии USSD —фармон пурра мекунад, таъмин мекунад.

Имконияти интиқоли маблағҳо аз суратҳисоб ба суратҳисоб барои муштариён тартиби пурра кардани ҳисоби фарзандон, хешовандон, дӯстон, шиносҳо, аз он ҷумла муштариён истиқоматкунандагони ноҳияҳое, ки қабули пардохт тавассути воситаҳои анъанавӣ душвор гардонида шудааст, осон мекунад.

Хизматгузорӣ ройгон пешниҳод мешавад.

Чӣ тавр фаъол намуд?

Барои фаъол гардонидани хизматрасонӣ барои истифодаи минбаъда, ба муштарӣ лозим меояд, ки хизматрасониро бо рақам чидани USSD-фармони *513*PUK1#тугмаи даъват, пайваст намояд.

Мисол: *513*12345678# даъват

ки:

Рақами 12345678 – ин PUK1 муштарие, ки мехоҳад хизматрасонии “USSD-маблағ” – ро фаъол намояд

Чӣ тавр интиқол намудани воситаҳои пулӣ?

Барои интиқоли воситаҳои пулӣ ба муштарӣ лозим аст, ки USSD - фармони: *512*маблағ*рақами муштарӣ# рақам чинад.

Мисол: *512*10*907700500# тугмаи даъват

ки:

10 — маблағи интиқол бо сомонӣ (бо ААИ ва андози аксизӣ)

907700500 — рақами муштарие, ки ба ӯ маблағ интиқол карда мешавад

Баъд аз рақамчинии USSD-фармон, дар экрани телефони муштарӣ матни зерин намудор мешавад:

10 сомонии интиқолшударо ба муштарии 992907700500 тасдиқ намоед. Шумораи зайлро рақам чинед: *512*ХХХХ# даъват.

ки:

ХХХХ – рамзи 4-рақамаи нодири тасодуфӣ мебошад, ки ба таври автоматикӣ (дар намуди СМС-хабар ирсол карда мешавад) ба вуҷуд оварда мешавад

Чӣ тавр тасдиқ намудани интиқол?

Барои тасдиқи интиқоли воситаҳои пулӣ, ба муштарӣ лозим аст, ки USSD-фармони зеринро рақам чинад:

*512*рамзи нодир# тугмаи даъват

Чи тавр хомӯш намудани хизматрасонӣ?

Барои хомӯш намудани хизматрасонӣ, ба муштарӣ лозим аст, ки USSD-фармони зайлро рақам чинад: *513*0# тугмаи даъват.

ки:

фармони 0 – фармони қатънамоии хизматрасонии “USSD-маблағ” мебошад

  • Хизматрасонӣ ба ҳамаи муштариёни тиҷоратӣ бо мақоми “Шахси воқеӣ” пешниҳод карда мешавад.
  • Андозаи камтарини интиқоли якдафъаина – 1 сомонӣ.
  • Андозаи зиёдтарини интиқоли якдафъаина – 100 сомонӣ.
  • Андозаи зиёдтарини интиқол дар як шабонарӯз – 500 сомонӣ.
  • Бақияи камтарини маблағ дар суратҳисоб, ки аз он интиқоли маблағ гузаронида мешавад 5 сомониро ташкил мекунад.
  • Миқдори маблағҳои интиқолшуда аз як ҳисоби шахсӣ дар доираи 500 сомонӣ бемаҳдуд мебошад. .
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?