Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Табрикоти солинавии “МегаФон Тоҷикистон” “ба рақам мегузаранд”
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

Табрикоти солинавии “МегаФон Тоҷикистон” “ба рақам мегузаранд”

22 Января 2019

“МегаФон Тоҷикистон” натиҷаҳои фаъолнокии муштариёни худро дар шаби соли нав ҷамъбаст намуд. Тавре омор нишон медиҳад, дар муқоиса ба соли гузашта миқдори зангҳои овозӣ 4% афзоиш ёфта, трафики интернет яку-ним маротиба зиёд истифода карда шуд.

Дар шаби соли нав аз соати 23:00 то 03:00 муштариёни оператор наздики 680 ҳазор зангҳоро анҷом доданд. Ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 4% зиёдтар мебошад. Давомнокии умумии онҳо зиёда аз 2,5 миллион дақиқаро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда аз солҳои гузашта каме пасттар аст.

Аз рӯйи миқдори зангҳо сокинони Душанбе дар ҷойи якум қарор гирифтанд – ба ҳиссаи онҳо зиёда аз 250 ҳазор даъватҳои овозӣ рост омад. Дар ҷойи дуюм – муштариёни Хатлон (зиёда аз 200 ҳаз.) қарор дошта, ҷойи сеюмро дар қатори пешсафон сокинони НТМ бо зиёда аз 160 ҳаз.зангҳо соҳиб шудаанд. Муштариёни Суғд ва ВМКБ камтар аз 100 ҳазор даъватҳои овозиро анҷом доданд.

Аз рӯйи суръати афзоиши истифодаи трафики солинавии интернет бошад, ВМКБ ба пеш баромад: дар муқоиса ба шаби солинавии соли гузашта онҳо ба андозаи 200% интернетро зиёдтар истифода бурдаанд. Дар минтақаҳои боқимондаи кишвар афзоиши трафики интернети “идона” зиёда аз 150%-ро ташкил дод.

“Натиҷаҳои шаби соли нав нишон медиҳанд, ки муштариёни мо аз хизматрасонҳои анъанавӣ – зангҳо ва SMS табрикоти интернетиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо афзалтар медонанд. Илова бар ин дар гузоштани рекорди нави “рақамӣ” сокинони он нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистон, ки дар онҳо хизматрасонии таҳвили маълумоти мобилӣ начандон пеш пайдо шуд, саҳми худро гузоштанд. Мизоҷони мо бо суръати хеле тез интернетро аз худ мекунанд, ин маънои онро дорад, ки мо бо бунёди шабакаҳои наслҳои нав дар ноҳияҳо ва таъминкунии дастрасӣ ба Шабакаи ҷаҳонӣ ҳатто дар деҳоти хурди ҷумҳурӣ стратегияи дурусту муносибро интихоб намудаем”, – мегӯяд Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.


© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?