Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • “МегаФон Тоҷикистон” рушди футболро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

“МегаФон Тоҷикистон” рушди футболро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд

22 Января 2019

Сана 17 январ “МегаФон Тоҷикистон” ва Федератсияи футболи Тоҷикистон меморандуми ҳамкориро имзо намуданд. Дар зери ҳуҷҷат Директори иҷроияи Ширкат Анатолий ИЗЮМНИКОВ ва президенти ФФТ Дилшод ҶӮРАЕВ имзо гузоштанд.

 

Дастгирии футболи кӯдакон ва ҷавонон – анъанаи деринаи “МегаФон” ба ҳисоб меравад. Аз соли 2010 оператор дар Тоҷикистон барои тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо мусобиқаҳоро таҳти унвони “Оянда аз ту вобаста аст” доир менамояд. Дар соли 2011 дастаи Хуҷанд ғолиби мусобиқаҳо эътироф шуда, туҳфаи асосӣ – сафарро ба Лондон, ба базаи варзишии клуби футболи “Арсенал” бурд намуданд.

 

Дар доираи лоиҳаи бузургтарини хайриявии худ “МегаФон Тоҷикистон” бо муассисаҳои мухталифи давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Меморандуми нав имкон медиҳад, ки фаъолияти муштарак васеъ карда шавад. Дар соли 2019 дастгирӣ на танҳо ба футболи кӯдакон ва ҷавонон, балки инчунин ба дастаи мунтахаби миллӣ расонида мешавад.

 

“Дастгирии футбол дар Тоҷикистон ҷанбаи муҳимми сиёсати иҷтимоии ширкати мо ба ҳисоб меравад. Мувофиқи шартнома мо ният дорем ҳамкории бисёрсолаи самараноки худ ва шарикии боэътимодро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон идома диҳем. Мо аллакай солҳои зиёд дар инкишофи варзиш, ки барои сокинони ҷавони Тоҷикистон ба роҳхати воқеӣ ба ҳаёт табдил ёфтааст, кӯмак менамоем. Ҳамин тариқ, нимҳимоятгари мусобиқаи мо Парвиз Алиев нимҳимоятгари ҳайати ҷавонони клуби “Хуҷанд” гардида, чанде пеш дар вилояти Суғд мукофоти “Бозингари беҳтарини ҷавони сол”-ро сазовор шуд. Ба ғайр аз ин, варзиш – саломатии миллат ба шумор рафта, он ба насли ҷавон имкон медиҳад, ки чун шаҳрвандони сазовори кишвари худ ба воя расанд. Бинобар ин, мо минбаъд низ футболи тоҷикро дастгирӣ хоҳем кард”, - қайд намуд Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

IMG_8897.JPG

IMG_8946.jpg

IMG_8957.jpg


© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?