Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон боз чор толори дигар ифтитоҳ намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

“МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон боз чор толори дигар ифтитоҳ намуд

7 Мая 2019

Толорҳои нави фирмавӣ муштариёни ширкатро дар шаҳри Бохтар, к. Ҷ.Румӣ 2 ва бозори Фаровон, инчунин дар ноҳияи Ёвон, к. А.Ҷомӣ ва дар қишлоқи А.Навоӣ, ҷамоати Ҳаёти нав интизор хоҳанд буд. Дар нуқтаҳои нави фурӯш метавон хизматрасонии сатҳи шаҳриро дастрас намуд: мушовирон метавонанд дилхоҳ телеком-масъалаҳоро, аз пайвастшавӣ ба шабака ва ивази SIM-корт то танзимкунии гаҷетҳои баландтехнологии мобилӣ ҳал намоянд.

 

“Мизоҷони мо ҳарчӣ бештар аз воситаҳои худхизматрасонӣ кор мегиранд, вале чун пешина барои бисёриҳо ҳалкунии масъалаҳои “мобилӣ” дар толорҳои фирмавӣ қулайтар аст. Сабаби асосии он сатҳи омодагии мушовирони мо дар соҳаи фурӯш ба ҳисоб меравад: онҳо на танҳо мутахассисони салоҳиятдор, балки одамоне мебошанд, ки муошират бо онҳо хеле гуворост. Ба ғайр аз ин, толорҳои мо ҳамеша дар маконҳои дастрас – назди бозорҳои марказӣ, марказҳои бузурги савдо, биноҳои аҳамиятноки маъмурӣ қарор гирифтаанд. Ҳар як нуқтаи нав ба маконе табдил меёбад, ки аз он ҳазорҳо муштариёни мо баҳри дастраскунии хизматрасонии босифат ва бардоштани эҳосоти гуворо боздид менамоянд”, - изҳор медорад директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

DSC_1720.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?