Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • “МегаФон Тоҷикистон” барои кӯдакони ятим ҷашни солинавӣ ташкил намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

“МегаФон Тоҷикистон” барои кӯдакони ятим ҷашни солинавӣ ташкил намуд

29 Декабря 2018

Дар арафаи Соли нав ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои тарбиятгирандагони хонаи кӯдакони шаҳри Кулоб ҷашни солинавӣ ташкил намуд. Кӯдакон туҳфаҳо гирифта, таҳти сурудҳои сарояндаи маъруфи Тоҷикистон Наимҷони Сайдалӣ рақсҳои зебо намуданд.

Дар хонаи кӯдакони Кулоб 140 кӯдак тарбият мегиранд, ки нуҳтои онҳо ятимони кул мебошанд. Ташкили ҷашн барои чунин кӯдакон бағоят муҳим аст, зеро маҳз дар вақти чунин чорабиниҳо онҳо метавонанд аз фикрҳои вобаста ба мушкилоти ҳаёташон дур гарданд. Омадани кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва сарояндаи даъваткардаи онҳо барои кӯдакон ба як ҷашн табдил ёфт. “Кӯдакони мо қабл аз ҳама ба диққати касе ниёз доранд, дарки он, ки касе дар бораи онҳо фикр мекунаду нисбаташон ғамхорӣ зоҳир менамояд, барои онҳо хеле муҳим аст. Барои ҳамин ташрифи меҳмонон аз “МегаФон Тоҷикистон” аллакай ба як навъ ҷашн табдил ёфтааст. Якчанд соати хушбахтию хурсандӣ – шояд барои кӯдакон бо тақдири вазнин туҳфаи беҳтарин бошад”, - мегӯяд директори хонаи кӯдакони ш.Кулоб Роҳилаи НУРАҲМАДЗОДА.

“Мо ба он назарем, ки ширкатҳои бонуфуз уҳдадоранд нисбати онҳое, ки дар вазъияти душвори зиндагонӣ қарор доранд, ғамхорӣ зоҳир намоянд. Масъулияти махсусро мо нисбати тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон эҳсос мекунем. Одами калон, дар чи вазъияти душворе қарор надошта бошад, одатан метавонад ҳадди ақал бо наздикони худ ҳамсуҳбат шуда, аз онҳо суханҳои дилгармкунанда бишнавад. Ин кӯдакон бошанд, аз касе ҳатто як занги телефониро интизор шуда наметавонанд. Барои ҳамин ба назди онҳо мо меравем. “МегаФон Тоҷикистон” аллакай муддати тӯлонӣ бо хонаҳои кӯдакони Хатлон дӯстӣ дорад. Мо аз ҳама имкониятҳо истифода мебарем, то барои кӯдакон хурсандӣ оварда, умеди қалбашонро зинда нигоҳ дорем. Тасодуфӣ нест, ки мусобиқаи футболи аз ҷониби “МегаФон Тоҷикистон” гузаронидашаванда унвони “Оянда аз ту вобаста аст”-ро соҳиб шудааст. Боварӣ ба худ – қадами нахустин ва асосӣ дар роҳи шахси комёб шудан аст. Ба кӯдакони хонаҳои кӯдакон самимона таманно мекунам, ки дар худ чунин решаро пайдо намоянд. Мо бошем, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то дар ин роҳ дастгири онҳо бошем!” – мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.
IMG_0859.JPG
IMG_0881 +.jpgIMG_0934.JPG
IMG_0951.JPG
IMG_0963.JPG
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?