Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • “МегаФон Тоҷикистон” ба муштариён барои смартфонҳои “галактикии” Samsung 10 Гб интернет туҳфа мекунад
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

“МегаФон Тоҷикистон” ба муштариён барои смартфонҳои “галактикии” Samsung 10 Гб интернет туҳфа мекунад

14 Марта 2019

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва “Samsung Electronics” иқдоми муштаракро оғоз менамояд. Ҳангоми харидани смартфонҳои Samsung – намудҳои Galaxy S10е, Galaxy S10 ё Galaxy S10+ муштарии оператор бастаи трафики интернети мобилиро туҳфа гирифта дастрасиро ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳои маъруф пайдо менамояд.

 

Бастаи эксклюзивии «Galaxy 10» як маротиба – дар лаҳзаи харидани смартфони дар доираи иқдом ширкаткунанда пайваст карда мешавад. Ба баста 10 Гб трафики бо суръати баландтарин пешниҳодшаванда, инчунин шабакаҳои иҷтимоии ройгони Facebook, Instagram ва мессенҷерҳои Viber, WhatsApp ва Telegram ба муҳлати як моҳ дохил гардидаанд. Шурӯъ аз моҳи дуюм ва минбаъд арзиши пайвасткунии бастаи мазкур 110 сомониро ташкил хоҳад дод.

 

“Телефони силсилаи “даҳум”-и Samsung худ барои муштарӣ туҳфаи беҳтарин аст. Экрани иммерсивӣ бо эффектҳои воқеӣ, имкони аксгирӣ ва наворгирии босифат, ҳифзи садфоизаи маълумот – ин танҳо яке аз якчанд ҷиҳатҳои мусбати намудҳои нави телефон ба шумор мераванд. Бастаи ройгонеро бошад, ки мо ба харидорони ин смартфонҳо туҳфа мекунем, имкон медиҳад, ки интернети мобилӣ аз дақиқаҳои аввалин истифода ва иқтидори бузурги силсилаи Galaxy 10 санҷида шавад”, - изҳор медорад директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

 

Маълумоти муфассал дар сомонаи: http://megafon.tj/aktsii/vse-aktsii/galaxy-10/

 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?