Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • “МегаФон Life” – хизматрасониҳои алоқа ва пардохти онлайн “дар як равзана”
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

“МегаФон Life” – хизматрасониҳои алоқа ва пардохти онлайн “дар як равзана”

26 Декабря 2018

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба хабарнигорон, блогерҳо ва намояндагони сомонаҳои иҷтимоии вилояти Суғд воридоти нав дар барномаи мобилии “МегаФон Life» пешниҳод намуд, ки дар худ алоқаи мобилӣ, мессенҷерҳо, “Ҳуҷраи корӣ”-ро барои идораи хизматрасониҳо ва функсияҳои дигари муфид ба монанди “Ҳамёни МегаФон” муттаҳид карда имкон медиҳад, ки пардохт барои хизматрасониҳои алоқа, телевизиони ноқилӣ ва дигарро дар вақти воқеӣ ҳангоми амалӣ намояд. 


Барномаи мобилии “МегаФон Life” – мессенҷерест, ки бо ёрии он метавон ба дӯстон паёмҳо навист, чатҳои гурӯҳӣ ташкил намуд, табодули аксҳо, видео ва файлҳои дигарро анҷом дод. Барнома инчунин имкони истифодаи “Ҳуҷраи корӣ”-и қулайро дар бар мегирад, ба воситаи он хароҷотҳо назорат, ҳисоби абонентӣ пур карда шуда,  идораи хизматрасониҳо ва опсияҳо анҷом дода мешавад. Дар баробари ин, бақияи бастаҳо назорат карда мешавад. Барномаи садоқатмандии “Раҳмат” бошад, ба истифодабарандагони “МегаФон Life” имкон медиҳад, ки холҳои ҷамъоваришуда ба дақиқаҳо, SMS ва трафики интернет иваз карда шаванд. Воридоти имконияти нав ба монанди “Ҳамёни МегаФонмобилӣ” ба муштариёни ширкат ин пешниҳоди нав мебошад. Он имкон медиҳад, ки пардохт барои хизматрасониҳои алоқа, телевизиони ноқилӣ ва дигарро дар вақти воқеӣ ҳангоми амалӣ намояд.  Истифодаи барномаи “МегаФон Life” дар смартфонҳо, соатҳои “доно” ва планшетҳо имконпазир аст. Он барои истифода дар ҳама системаҳои маъруфи оператсионӣ дастрас аст.

 

Муаррифии маҳсулоти навро менеҷер оид ба робита бо ҷомеаироҳбари шӯъбаи тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Фазлиддин ҲАКИМХОҶАЕВҶамшед НИШАНБАЕВ анҷом дод. Мавсуф тарзи фаъолияти барномаи мобилиро нишон дода, доир ба афзалиятҳои он ба нафароне, ки бо корҳои худ ба хориҷа мераванд ё ба наздикони дар хориҷа қарордоштаи худ занг мезананд, маълумот дод. Зангҳои воридотӣ аз самтҳои байналмилалӣ барои муштариёне, ки барномаи “МегаФон Life”-ро истифода мебаранд, ройгон мебошанд.

 

“Ба ман ҳамчун истифодабарандаи пешрафта дар ҳақиқат пешниҳоди нав писанд омад. Ин хеле ҳам қулай вақте ҳама амалиётҳо тавассути як барномаи амали гарданд. Ман ба бародарам, ки дар Русия таҳсил мекунад пешниҳод мекунам, ки пеш аз рафтан барномаи “МегаФон Life” пайваст гашта бо хешовандони худ аз муоширати озод ба пуррагӣ истифода барад. Худ ҳам имконияти нав оиди пардохти онлайн пайваст намуда аз он истифода мебарам” – мегӯяд блогер Даврон ҶАЛОЛОВ.

 

“Алоқа аз ту оғоз меёбад – digital-имконияти нави мо пурра ба ин гуфтаҳо мувофиқ аст. Он ба муштариён имкон медиҳад, ки доираи васеи хизматрасониҳои ширкатро баҳри доим дар алоқа будан ва мустақилона хароҷотҳоро назорат намудан самаранок истифода намоянд. “МегаФон Life” чунон доираи васеи функсияҳоро муттаҳид кардааст, ки ҳар яке метавонад варианти барои худ муносибро бо назардошти талаботи шахсӣ интихоб намояд”, - мегӯяд Далер НАИМОВ, роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд.

 

Маълумоти муфассалро метавонед дар суроғаи http://infolife.megafon.tj/ пайдо намоед.

7ART0107.jpg7ART0110.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?