Ваш браузер устарел
Вы пользуетесь устаревшим браузером, который не поддерживает современные веб-стандарты и представляет угрозу вашей безопасности.
Пожалуйста, установите современный браузер:

“МегаФон Тоҷикистон” ба фазои ҷаҳонии иттилоот барои деҳаҳои дурдаст роҳ мекушояд

22.02.2018

Дар истгоҳҳои базавии 3G ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Хатлон суръати нави 900 МГс ба истифода даромад. Ин имконияти техникӣ ба васеъшавии ҳудуди фаъолияти таҷҳизоти алоқа ва беҳтаршавии фарогирии сигнал, ки махсусан барои навоҳии дурдасти вилоят аҳамияти бузург дорад, мусоидат намуд.

Аз оғози соли 2018 ба суръати нав бо диапазони васеъ аллакай зиёда аз 10 истгоҳҳои базавии насли сеюм гузаронида шудаанд. Акнун онҳо метавонанд муштариёни операторро бо алоқаи боэътимоди овозӣ ва интернети мобилӣ дар радиуси 5 километр таъмин намоянд. Танҳо як чунин истгоҳи базавӣ барои таъминкунии якчанд нуқтаҳои аҳолинишини Хатлон кифоя мебошад.

Муосиркунонии шабака бахусус дар истгоҳҳои базавие сурат мегирад, ки хизматрасонии сокинони қишлоқҳои дурдастро анҷом медиҳанд. Ҳамин тариқ, дар моҳи феврал муштариён аз ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ҷ.Румӣ ва Дӯстӣ имкони истифодаи интернети насли сеюмро пайдо намуданд. Инчунин корандозии шабакаи 3G дар ҳудуди нуқтаҳои хурди аҳолинишини ноҳияҳои Қабодиён, Шаҳритус ва Темурмалик ба нақша гирифта шудааст.

“Сокинони бисёри қишлоқҳои дурдаст ба технологияҳои муосири иттилоотӣ дастрасии маҳдуд доранд, барои ҳамин, инкишофи шабака дар ноҳияҳо хеле муҳим аст. Ба сокинон бояд чунин имконият дода шавад, то ки онҳо доим аз хабарҳои ҷаҳон огоҳ бошанд, тариқи алоқаи видеоӣ бо наздиконе, ки берун аз ҳудуди кишвар фаъолият доранд, муошират кунанд ва тавассути интернет дилхоҳ маълумоти заруриро дастрас намоянд. Бо инкишофи шабака мо ба дохилшавии маконҳои дурдаст ба фазои ҷаҳонии иттилоот мусоидат мекунем”, - қайд менамояд роҳбари шуъбаи техникии раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Эмомалӣ ВАЗИРОВ.


© 2016 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Метавонам ба Шумо кумак диҳам ?