Ваш браузер устарел
Вы пользуетесь устаревшим браузером, который не поддерживает современные веб-стандарты и представляет угрозу вашей безопасности.
Пожалуйста, установите современный браузер:

Хизматрасонии бениҳоят дастрас

15.02.2018

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд толори нави фирмавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” кушода шуд. Акнун сокинони ноҳия имкон доранд, ки бо роҳи ниҳоят осон хизматрасониҳоро бе восита дар назди оператор пайваст кунанд, дастгоҳҳои мобилиро харидорӣ намоянд ва доир ба тарофаҳо ва опсияҳои нав “аз дастони якум” маълумот бигиранд.

Толор дар буриши хатсайрҳо, дар назди истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ ҷойгир шудааст. Боздид аз он барои сокинони бисёр ҷамоатҳо ва маркази маъмурии ноҳия хеле қулай аст. Чун ҳамаи идораҳои “МегаФон Тоҷикистон” толори нав ба мизоҷон доираи пурраи хизматрасониҳо – аз пайвасткунӣ ба шабакаи оператор то машваратҳо доир ба ҳамаи масъалаҳои алоқаи мобилиро пешниҳод менамояд. Ба ғайр аз ин, дар ин ҷой дастгоҳҳои мухталифи мобилӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳои таҳти худи бренди “МегаФон Тоҷикистон” истеҳсолшаванда пешниҳод карда шудаанд.

“Барои муштариёни мо на танҳо эътимоднокӣ, балки сифати хизматрасонӣ низ аҳамияти калон дорад. Бинобар ин, мо мехоҳем, ки онҳоро бо хизматрасонии бениҳоят наздик таъмин намоем. Ҳадафи мо – пешниҳоди хизматгузории баландсифат ба ҳар як мизоҷ, новобаста аз макони истиқомати ӯ ба шумор меравад, ва дар ин маврид муҳим нест, ки муштарӣ дар шаҳр зиндагонӣ мекунад ё дар нуқтаи хурди аҳолинишин”, - зикр кард роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.

Айни замон дар вилояти Суғд 10 толори алоқаи оператор фаъолият мебарад. Ширкат ҳамчунин кушодани боз якчанд нуқтаҳои фурӯшро то анҷоми соли равон ба нақша гирифтааст.


© 2016 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Метавонам ба Шумо кумак диҳам ?