Ваш браузер устарел
Вы пользуетесь устаревшим браузером, который не поддерживает современные веб-стандарты и представляет угрозу вашей безопасности.
Пожалуйста, установите современный браузер:

“МегаФон Тоҷикистон” ба кӯдакон китобҳои “сухангӯй” тӯҳфа намуд

01.02.2018

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи нави иҷтимоии “Ба кӯдакон дониш ҳадя мекунем” кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои тарбиятгирандагони хонаи кӯдакони №1-и шаҳри Хуҷанд Рӯзи китобро ташкил намуда, ба онҳо маҷмӯи китобҳои ғайриоддии “сухангӯй”-ро ҳадя карданд.

Бастаи туҳфаҳои оператор маҷмӯи китобҳои омӯзишии “Саёҳат дар Россия” ва “Ваизфаҳои шавқангез”-ро дар бар мегирад. Мундариҷаи китобҳои рангоранг амиқ андешида шудааст: Тасвирҳоро дар китобҳо метавон на танҳо бо чашм бидид, балки бо ангуштон низ муоина намуд. Расмҳои китобҳо муқарнас ва ҷумбанда буда, баъзе шаклҳои тасвирҳо аз масолеҳи гуногун омода шудаанд. Ин ба кӯдак имкон медиҳад, ки бо ламс шакли ашёи тасвиршударо муайян созад.

Ба баста ҳамчунин “қалами сеҳрнок” – дастгоҳи электронӣ барои дастраскунии микрорамзҳо ва пахши аудиофайлҳо замима шудааст. Ҳамин ки қалам ба саҳифаи китоб мерасад, он дар бораи ҳайвонот маълумот медиҳад, чистон мегӯяд ё рақамҳоро аз як то даҳ номбар мекунад. Чунин мувофиқати маълумоти ламсшаванда, басарӣ ва сомеа дарки мундариҷаи китобҳоро ҳатто барои кӯдак бо имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ – масалан, кӯдаки биноияш суст осон менамояд.

Китобҳоро ба кӯдакон роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ ҳадя намуд. Директори хонаи кӯдакони №1 Моҳира САИДНАСУЛОЕВА ба ширкат барои тӯҳфаҳои фоидаовар изҳори миннатдорӣ кард. “Ташаккур барои диққат нисбати тарбиятгирандагони мо! Кӯдакон аз китобчаҳои нави дорои тасвирҳои рангоранг, ки онҳоро метавон ҳам бо чашм дид, ҳам бо даст ламс кард, хеле хурсанд шуданд. Чунин китобҳо ба инкишофи эҳсосоти ломиса ва қобилияти анҷомдиҳии ҳаракатҳои хурд бо ангуштони дасти кӯдакон мусоидат хоҳанд кард.

“Мо медонем, ки тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон диққати махсусро талаб мекунанд. Бинобар ин, мо кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то ба онҳо дар соҳаи варзиш, инкишофи ҷисмонӣ кӯмак расонем – бахусус, мо ҳарсола мусобиқаи футболро таҳти унвони “Оянда аз ту вобаста аст” баргузор менамоем. Чорабиниҳо дар доираи таҳсили номбурдагон ҳам ҷой доранд. Мутмаинам, ки китобҳои рангоранги мо як иловаи муфиди барномаи омӯзишӣ гардида, дар омода кардани кӯдакон ба соли нави таҳсил ёрӣ хоҳанд дод”, - изҳор дошт Далер НАИМОВ.


© 2016 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Метавонам ба Шумо кумак диҳам ?