Ваш браузер устарел
Вы пользуетесь устаревшим браузером, который не поддерживает современные веб-стандарты и представляет угрозу вашей безопасности.
Пожалуйста, установите современный браузер:

Силсилаи “Биё!” дар “хит-парад”-и тарофаҳои “МегаФон Тоҷикистон” мақоми аввалро соҳиб шуд

25.01.2018

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” натиҷаҳои фурӯши тарофаҳои силсилаи “Биё!”-ро дар моҳи ноябри соли гузашта ҷорӣ гардида буд, ҷамъбаст намуд. Силсилаи навро зиёда аз нисфи ҳамаи муштариёне, ки ба тарофаи нисбатан қулай гузаштанд ё бори нахустин ба шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” пайвастанд, интихоб намуданд.

“Биё!” нахустин силсилае ба шумор меравад, ки тарофаҳои он бо таркибҳои “дар асоси манфиатҳо”-и мухталиф пешбинишудаи худ фарқ карда, онҳо дар номи бастаҳо инъикос шудаанд. Муштариёни рақамӣ, яъне истифодабарандагони фаъоли интернети мобилӣ метавонанд барои тамошои видео тариқи онлайн, муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё мессенҷерҳо, анҷомдиҳии зангҳо ё ирсоли паёмҳои матнӣ варианти муносибро интихоб намоянд. Аллакай се моҳи аввали пайвастшавиҳо аз он шаҳодат доданд, ки чунин пешниҳод ба бисёри мизоҷони “МегаФон Тоҷикистон” писанд аст.

“Ба силсилаи нав аллакай даҳҳо ҳазор сокинони ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон гузаштанд. 95% пайвастшавиҳои нав ба силсилаи мазкур бештар ба тарофаҳои дорои ҳаҷми калони трафик ва маҷмӯи хизматрасониҳо рост меояд ва чунин натиҷаҳо боиси тааҷҷуб нестанд. Бо омодакунии тарофаҳои “Биё!” “МегаФон Тоҷикистон” маълумоти марбут ба муштариёни худро ба назар гирифта таҳлил намуд. Маҳсулоти нав пурра ба манфиатҳои воқеии категорияи нисбатан зудафзоишёбандаи муштариён мувофиқат мекунад ва маъмулгардии тарофаҳои мазкур маҳз ба ҳамин вобаста буданд”, - изҳор дошт иҷрокунандаи вазифаи Директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Аз қатори силсилаи номбурда тарофаи “Биё! Гап зан”, ки барои дӯстдорони муошират тариқи ҳама воситаҳои дастрас – бо ёрии алоқаи овозӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо нигаронида шудааст, серфурӯштарин тарофа гардид. Аз ҷиҳати маъмулӣ ва номдорӣ мақоми дуюмро бастаи “Гап зан”, ки имкониятҳои алоқаи маъмулии мобилӣ ва манбаъҳои интернетро дар худ муттаҳид намудааст, соҳиб шуд. Дар ҷойи сеюм тарофаи “Биё! Бубин”, ки аз ҷониби муштариёни мухталиф: дӯстдорони синамо, хонашинҳо, дӯстдорони тамошои роликҳои таомпазӣ, модарони ҷавон, ки дар дастгоҳҳои мобилии худ филмҳои тасвириро ба кӯдакони худ нишон медиҳанд ва ғайраҳо интихоб карда шуд, соҳиб гардид.

Барои маълумоти иловагӣ:
Мария Веторази
Менеҷер оид ба лоиҳаҳои калон ва ҳамкории байниминтақавии
Департамент оид ба робита бо ҷомеаи
ҶСП “TT мобайл”, Тоҷикистон
Моб. (+992) 90 1000 225
E-mail: Mariya.Vetorazi@megafon.tj


© 2016 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Метавонам ба Шумо кумак диҳам ?