Ваш браузер устарел
Вы пользуетесь устаревшим браузером, который не поддерживает современные веб-стандарты и представляет угрозу вашей безопасности.
Пожалуйста, установите современный браузер:

Big Data- муаррифӣ аз “МегаФон Тоҷикистон” барои донишҷӯён

22.12.2016

16 декабри соли 2016 донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон иштирокчии намоиши муаррифии дуюм гардиданд, ки дар доираи муаррифии лоиҳаи “Барномаи таълимии роуд-шоу” таъсис гардида аст. Директори технологияҳои иттилоотии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Қурбоналӣ АЗИЗОВ ба донишҷӯён бобати технологияҳои коркарди маълумотҳои бузург Big Data суханронӣ кард.

“Рақами бузург” таи ду даҳсола яке аз самтҳои инкишофи соҳаи ТИ мебошад. Ба ширкатҳои калон зарур омадааст, ки бо ҳаҷмҳои маълумотҳо, ки аллакай бо петабайтҳо шумурда мешаванд, сару кор гиранд. Яке аз мисолҳои намоён – шабакаҳои иҷтимоӣ: ҳамин тариқ дар Facebook 300 миллион сурат ҳамарӯза ҷойгир карда мешавад ва дар Twitter бошад 175 миллион хабар ворид мегардад. Дар баробари ин, чунин маълумотҳои калонҷусса на танҳо захира карда мешаванд балки ба манфиатҳои тиҷорат қобили коркард қарор мегиранд. Big Data имкон фароҳам меорад, ки масалан манфиатҳои мизоҷони ширкатро муқаррар намуда ба онҳо маҳсулот ва хизматрасониҳо, ки ба шахси аниқ лозиманд пешниҳод карда шаванд. Пешниҳоди таргетӣ дар асоси маълумотҳо оид ба фаъолнокӣ дар интернет, дархостҳои ҷустуҷӯӣ, харидҳои пештар кардашудаи номбурда ва ҳ. тартиб дода мешавад. Ҳамин тариқ, “Рақами бузург” ҳаёти одамонро боз ҳам қуллайтар гардонида, ба ширкатҳо имконият медиҳад, ки тиҷорати худро равнақ диҳанд.

“Технологияи Big Data имкон медиҳад, ки дар лаҳзаҳои башумор он маълумотҳоеро, ки ба истифодакунанда лозим аст дарёфт намояд. Инак, оператори маркази тамос ҳангоми занги мизоҷ дар экран маълумотро дар бораи ӯ мебинад. Ин амал на танҳо ба фавран ва пурра ба суолҳо аз рӯйи хизматрасониҳои пайваст кардашуда посух додан, балки ҷиҳати пешниҳод намудани хизматрасониҳои нав низ натиҷабахш мебошад. Азхудкунии Big Data – соҳаи басо пуртараққиёт барои мутахассисони ояндаи соҳаи ТИ мебошад. Ин технологияҳо аллакай дар маркетинг, молия, тиб серталаб мебошанд, вале ҳастанд дигар соҳаҳое, ки дар онҳо низ кашфкунандаи ҳақиқӣ метавон буд” – нақл намуд Қурбоналӣ АЗИЗОВ.

Ба донишҷӯён дар хусуси чӣ тавр “инқилоби рақамӣ” ҳаётро ва ҳатто тарзи фикркунии мардуми муосирро иваз менамояд, кордон аз “МегаФон Тоҷикистон” дар хусуси оғози ҷараёни таъсисдиҳии муҳити “доно”, ки дар онҷо технологияҳои иноватсионӣ ҷиҳати бехатарии мардум ғамхорӣ мекунанд, нақл намуд. Аллакай ҳастанд мисолҳое, ки ба туфайли таъсири “байни мошинҳо” рух назадани садамаҳо дар роҳ назаррас буда маслиҳатҳоро дар бораи вақти беҳтарини хобравӣ ва бедорӣ бозубандҳои махсус медиҳанд, ки фаъолнокӣ ва ҳолати саломатии одамон мушоҳида карда мешаванд. Иштирок дар омодакунии маҳсулотҳои ТИ ба мутахассисон барои муваффақ ва шахси кордони серталаб гардидан имкон фароҳам меорад.

Дар рафти муаррифӣ Қурбоналӣ Азизов дар он хусус низ хотиррасон намуд, ки аз ҳама донишҷӯёни болаёқати ДСРТ метавонанд маҳорати худро аллакай ҳозир намоён кунанд- хусусан ҳангоми гузаштани таҷрибаомӯзӣ, ки дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мегузарад. Дар ҳамин соли хониш онҳо имконият ҳосил менамоянд, ки ба оператори алоқа идеяҳои худро– ҳатто дар соҳаи Big Data пешкаш кунанд.


© 2016 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Метавонам ба Шумо кумак диҳам ?