Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дар бораи ширкат
  • Вазифа ва дурнамои ширкат
  • Реквизитҳо
  • Шартҳои хизматрасонӣ
  • Иҷозатномаҳо

Дар бораи ширкат

3 сентябри соли 2001 нуқтаи оғози фаъолияти Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи “ТТ мобайл” (минбаъд, инчунин “Ширкат) ба ҳисоб меравад. Аллакай як моҳ пас аз бақайдгирӣ 5-уми октябр Ширкат ба пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи мобилии стандарти GSM бо диапазони 900/1800МГс шурӯъ намуд. ҶСП “ТТ мобайл” – муассисаи муштараки Русияву Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки шарофати мусоидати фаъоли Ҳукумат ва Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Саҳҳомони Ширкат инҳоянд:

Оператори Миллӣ – ҶСК “Тоҷиктелеком” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Оператори нахустини умумирусиягии алоқаи мобилӣ - ҶСО “МегаФон” (Федератсияи Россия).

Дар ҳоли имрӯз Ширкат хизматрасониҳои алоқаи кандуиро бо стандартҳои GSM 900/1800 3G-UMTS, 3,5G HSDPA ва 4G LTE пешниҳод намуда, дар баробари ин, дорандаи Иҷозатномаҳо барои пешниҳоди хизматрасониҳои телематикӣ ва таҳвили маълумот (аз ҷумла IP телефония) мебошад.

Хусусияти асосӣ ва фарқкунандаи Ширкат стандарти баланди сифати алоқа, доираи васеи хизматрасониҳои иловагии пешниҳодшаванда, касбият, инчунин масъулияти баланд ва ғамхорӣ нисбати ҳар як Мизоҷ ва манфиатҳои ӯ маҳсуб меёбад. Ширкат фаъолияти худро дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон бомуваффақона амалӣ намуда, идеяҳои худро таҳти тамғаи маъруфи тиҷоратии “МегаФон Тоҷикистон” пеш мебарад.

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?