«МегаФон Тоҷикистон» — пешрав дар васеъшавии шабака!!!
«МегаФон Тоҷикистон» — пешрав дар
васеъшавии шабака!!!
«МегаФон Тоҷикистон» дар як вақт се толори
хизматрасонии замонавии худро дар шаҳрҳои Нораку Кӯлоб ва ноҳияи Восеъи вилояти
Хатлон боз намуд! Аҳолии ин ноҳия ва шаҳрҳо аз ифтитоҳи толорҳои зебову равшан
ва васеъи ин ширкат ниҳоят хурсанд шуданд! Маросими аҷибу саргармкунандаи буриши
туҳфаҳои гаронқимати «МегаФон Тоҷикистон» бошад, касеро аз ҷамъомадагонро бетафовут нагузошт!
Соати расо 10-и субҳи 14-уми октябри соли равон мусиқии нозуке, ки
аз толори нави хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон», воқеъ дар кўчаи Рўдакӣ, 10,
мебаромад, диққати мардуми майдони марказии шаҳри Норакро ба худ ҷалб намуд.
Мутахассисони Ширкат ба ифтитоҳи намояндагии замонавии шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» дар ин шаҳр
шурўъ намуданд. Ин маросим пеш аз ҳама ба бачагоне, ки дар чорабинии бурди
туҳфаҳо иштирок менамуданд, писанд омад. ҳама меҳмононро иди пуробуранге, ки ҳар
корманди ширкат ба он масъулона ва аз таҳти дил омодагӣ гирифт, интизор буд.
Охир, табассум, хурсандӣ ва хушҳолии муштариёнамон мукофоти асосии мост!

«Ба ифтитоҳи ин толорҳои
хизматрасонии «МегаФон Тоҷикистон» мо бо тайёрии пухта омодагӣ дидем, — гуфт дар ба
муроҷиати худ ба дўстони Ширкат сардори шуъбаи рушди «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон
Субҳон Ҳайдаров. – Барои мо хеле муҳим аст, ки нуқтаҳои
аҳолинишин, нуқтаҳои географии стратегӣ, ноҳияҳои дурдаст, шаҳракҳо ва шаҳрҳо,
ба як сухан – ҳадди аксари ҳудуди Тоҷикистон – бо хизматрасонии баландсифати
алоқаи шабакавӣ аз тарафи «МегаФон Тоҷикистон» фаро гирифта шавад. Чунки талабот ба телефони
ҳамроҳ (мобилӣ) ва алоқаи рақамӣ рўз ба рўз бештар мешавад! Мо аз дидори
меҳмонони нави толорҳои хизматрасонии Ширкати худ шод буда, тарзе кор мебарем,
ки комфорти муштариёнамонро дар сатҳи баланди касбӣ муҳайё созем. Ҳар як муштарӣ
метавонад мутмаъин бошад, ки кормандони мо ҳамеша омодаанд дар ҳалли масоили
(мушкилоти) пайдошуда кумаки фаврии касбӣ расонида, гуфтугўи зиндаву пурмаҳсули
онҳоро таъмин намоянд, инчунин фикр ва машварату пешниҳоди муштариёнро бо мароқ
гўш намоянд, то сўҳбати эшон чӣ аз ҷиҳати замон ва чӣ аз ҷиҳати масофа ҳақиқатан
монеаро надонад».
Дар толорҳои хизматрасонии «МегаФон Тоҷикистон» ба муштариён маҷмўъи
васеъи хизматрасониҳои беназири телекоммуникатсионӣ, телефонҳо ва таҷҳизоти
иловагӣ расонида мешавад. Барои мо – ҳар як муштарӣ – ин дўсту рафиқ мебошад ва
бароямон хеле муҳим аст, ки ҳама мизоҷонамон дар дарёфти дастрасӣ ба
хизматрасониҳои иттилоотӣ шароити олӣ дошта бошанд, барояшон мушкиле дар масоили
техникии ин ва ё он хизматрасониҳо вуҷуд надошта бошад, то алоқаи шабакавии«МегаФон Тоҷикистон»
асоси боэътимод дар рушди ҳама самтҳо гардад! Чуноне ки таҳқиқоти мо нишон
медиҳанд, аҳолии нуқтаҳои аҳолинишине чун Ёвон, Норак, Кўлоб, Восеъ и дигар
шаҳру навоҳӣ ба чунин намояндагиҳои бисёрҷанбаи дорои хизматрасониҳои
универсалии алоқаи шабакавӣ эҳтиёҷи калон доранд. Ба ин ҳама сабабҳои
иҷтимоӣ-сиёсӣ асос шудааст. Аз он ҷумла, чунин стратегияи «МегаФон Тоҷикистон» — ин
намунаи равшани нишондоди амалии воридсозии фанновариҳои навин дар кишвар аст.
«Шабакаҳои Мутаҳаррики Тоҷикистон» — ин оператори ҷиддии умумиллии
алоқаи шабакавист, ки бо он ҳамкорӣ кардан ҳамеша боиси хушӣ аст. Хеле хушу
муҳим аст, ки дар ҳоли ҳозир имкони иҷрои чунин як лоиҳаи хеле ҳам хубе пайдо
шудааст, ки ташаббускори он Шабакаи пешрави шабакавӣ гардид, ва мо ҳам аз ҷониби
худ омодаем, то дар вусъати системаҳои коммуникатсионӣ ба мутахассисони «МегаФон Тоҷикистон»
ҳама гуна дастгириро пешкаш намоем ва аз шумо дар беҳтарсозии вазъ дар ин самт
идеяҳои навро интизорем. Зеро дар ниҳояти кор ин барнома ба баланд бардоштани
сифати зиндагии инсонҳо равона карда шудааст. Оё метавон тасаввур намуд, ки
имрўз ягон хонавода аз телефонҳои ҳамроҳ истифода намекунад?!. Ин ба таври васеъ
маълум аст, ки «МегаФон Тоҷикистон» ба муштариёнаш тарофаҳои хеле ҳам мусоиду дастрасро, ки бе
онҳо имкон дорад истеҳсолот ва сохторҳо, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорат, дар бисёр
муассисаҳо аз кор монад, пешниҳод мекунад. «Ширкат вазифаҳои гуногунро иҷро
мекунад, мо бошем, дар навбати худ, ҳамеша ба пешвози пешниҳодҳои нави Шумо
меравем!» — гуфт Маҳмадалӣ САНГОВ, ҷонишини раиси шаҳри Норак, дар маросими
ифтитоҳи толори фирмавии «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Норак.

Сипас, мувофиқи барнома, дари чунин
толори хизматрасонӣ дар кўчаи Комсомоли ноҳияи Восеъ (наздики Автовокзал) боз
гардид.
Дилшод ЁРОВ,
менеҷери оид ба рушди диллерии «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон, мегўяд: «Чунин тамоюли
баръалои ифтитоҳи намояндагиҳои Ширкат дар ҷумҳурӣ ифодагари он аст, ки таъмини
ниёзи аҳолӣ ба алоқаи шабакавӣ вазифаи асосии мост. Ва, албатта, ҳар ифтитоҳ ба
омўзиш (таълим) ва омодасозии теъдоди ҳарчи бештари мутахассисони варзида ва бо
кор таъмин кардани онҳо алоқаманд аст. Яъне мо дар маҳалҳои ифтитоҳи толорҳои
фирмавӣ инчунин ашхоси ҳадафманду фаъолро бо кори ояндадор таъмин мекунем. Чунки
қувваи толорҳои фирмавӣ ва Марказҳои хизматрасонии муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» – ин
донишҳои собити мутахассисонест, ки бо машварати худ дар сатҳи баландтарин ба
муштариён дархости гурўҳҳои гуногуни муштариёнро бароварда месозанд».
Дар рўзи ифтитоҳи толорҳои хизматрасонӣ ҳамаи ташрифовардагон, меҳмонон
ва дўстони Ширкат барои иштирок дар бозиҳои мухталифи аҷибу зеҳние, ки ғолибони
он бо телефони ҳамроҳ ва маснўъоти ҳадявии «МегаФон Тоҷикистон» мукофотонида мешаванд, даъват
карда мешаванд! Ифтитоҳи толори фирмавии «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Кўлоб рўзи 14-уми
октябр лаҳзаи хотирмони хотимавии барномаи Ширкат маҳсуб мешавад. Ин толори
фирмавии «МегаФон Тоҷикистон» бо нишонии кўчаи Исмоили Сомонӣ, 3 (воқеъ дар назди бозори
«Саховат») ба фаъолият оғоз намуд.

Раҳбарияти «МегаФон Тоҷикистон» ба ашхосе, ки дар
мусоидат ба ташкили ифтитоҳи толорҳои фирмавӣ иштироки бевосита кардаанд,
сипосгузорӣ намуда, ба онҳо беҳбудиву саломатӣ ва муваффақиятҳои нав ба нав орзу
мекунад.
Сардори кулли ҶСП «ТТ мобайл» Қаюмов
Гулмаҳмад Аҳмадович мегўяд: «Мо ҳамеша ба ҳадафҳои баланд – таъмини
садфоизаи сифати хизматрасонӣ ба муштариён – ҳаракат мекунем ва маҳз дар сатҳи
олии хизматрасонӣ ба муштариёнамонро авлавият медиҳем. Мо кори худро тавре ба
роҳ мемонем, ки толорҳои фирмавӣ, Марказ ва Дафтарҳои хизматрасонии «МегаФон Тоҷикистон» дар
маконҳои барои ҳадди аксари муштариёнамон мувофиқ ҷойгир бошанд ва марказҳои
қавиву муфиди иттилоотие шаванд, ки ба он ҷой омадан ҳамеша писанд бошад ва аз
он ҷойҳо рафтан ҳам дар кас таассуроти зиёди некро бар ҷой гузорад. Барои мо
муҳим аст, то муштариён донанд, ки метавонанд доим ба касбияти кормандони мо
умед банданд».
Маркази
матбуоти ҶСП «ТТ мобайл»